Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 135 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 135 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Инда бо! – кулчаи равғаниро шикаста, таклиф кард ў.
— Додо мекушад...
— Нее, ота одами фо...
— Барои шумо ҳама хуб, ягон каси бад ҳам ҳаст?
— Ҳа... Данам... Вай маа питан намена... Ту медонӣ ти-ба?
— Не.
— Худо, худо, – ба осмон нигоҳ карда гуфт ў, баъд забону гўшашро нишон дод, – ҳаа, мебинам, – ба чашм ишора кард. – Ўўў,
1 вай данда. Ту менавӣ, ти медўд? Ҳаа, ҳатора мена.
— Не.
— Менавӣ. (Барои он ки вай сахт-сахт мегўяд, ҳама мешунаванд) – бо забони гирифта ва имову ишора фаҳмонд Тўйчӣ. – Тез,
2 ҳўў да ин нова дадатӣ битор.

17

Алафҳоро ба сарой кашонданд.
Баччаҳо ба мактаб рафтанд. Гўё овулро як сукунат фаро гирифта буд. Алафҳо хушк шуда, аз адирҳо бўи сўхта меомад ва гоҳ-гоҳ гирдбод хасу хошок ва хазони кўмоду ревоҷро ба осмон бардошта, аз фаро расидани тирамоҳ дарак медод. Рўи обҳоро хазон ва баргҳои бармаҳал афтидаи фарку заранг гирифта буд.
Себҳои кўҳӣ хам пухта буданд. Кабкчўҷаҳо пари алояшонро партофта, ба очаҳояшон монанд шуда буданд, «чу-чу»-ро гум карда, кабкона мехонданд.
Гўсолаҳо калон, вале говҳо камшир шуданд.
Ферма фурсат наёфт, ки овулгардон кунад. Мизон дарояд, якбора аз Санги Сипар ба Сарой кўчиданӣ ҳастанд. Вале пеш аз ҳама мудир бояд ба идора рафта, ҳисобот диҳад, ки чӣ фоидае овард. Алҳол ба анбори колхоз бидонҳои равғани зард, ҷуволҳои қурут ва чанд пўсти гову гўсола супурдааст...
Овул тараддуди бозгашт дорад.
Дар айёми хазон, ки одатан ҳама ҷоро ҳузн фаро мегирад ва одамиро аз як рўзи вопасини ҳаёташ дарак медиҳад, боз ҳузн ва нолае илова кардан ба дил сахт мерасад.
Валӣ аз овул нарафтааст ва ба ягон кас ёрӣ ҳам намедихад.
Дар лаби рўд нишаста сангча ба об меандозад ва гумон мекунад, ки тамоми орзуҳояш барбод рафтаанд. Баҳорон орзуҳояш мисли сабзаҳо буд, инак монандаи хасҳои адир гаштааст.
«Сабзаҳои лаби ҷўй, ки решаашон дар об аст, ҳама вақт сабзанд, – ба фикр рафт ў ва боз ба харсанги байни об санг партофт.

  1. Ту мешунавӣ, ки ў маро чӣ қадар ҳақорат мекунад?
  2. Хез, ҳўў дар ин нова зардакӣ бисёр аст – Аз дасти Ашўрааш ҳам чизе наомад.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан