Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 5 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 5 аз 470 · 3 ноябри 2026

Вай дар навиштаҳояш низ мисли дастгоҳи аккосӣ, пурбини ситорашиносону синамогарон, заррабини зистшиносон рўйдодҳои зиндагӣ ва одамонро бо тамоми ҷузъиёташ дурусту рост бозтоб медиҳад. Аммо ў суратгир, коргардон, ситорашинос ва зистшиноси одӣ нест, он рўйдодҳо ва шахсиятҳои бисёр ва гуногунро сара мекунад, ба ҳам пайванд медиҳад ва дар ниҳоят аз онҳо як чизи воҳид ва нав меофарад. Вай ровӣ, қаввол, ҳикоягўйи ҳунарманд буда, дар миёни адибони имрўзаи тоҷик камназир аст.
Нависанда дар ҳошияи номаи пажўҳишгари эронӣ Сапедабону ошкор намудааст, ки «тору пуди асар (манзураш китоби якуми романи «Зарафшон» аст – А.С.) аз рўзгори хонаводагии бобову момо, падару модар ва худи ман фаро омадааст... Ҳама чиз аз они ман аст ва хурдтарин ҳодиса, воқеа, муҳит, расму русум, обу ҳаво, роҳу пайроҳаҳо, гулу гиёҳ, ҷойи исти сангу дарахтон, рўдхонаҳо; бўйи гулу шукуфа ва дар кадом фасл чӣ бўй овардани баргу хазони гиёҳу дарахтон шиносу ошноянд маро». Дар хусуси он ки дар фасли аввали китоби якуми «Зарафшон» дар чеҳраҳои Бурҳон ва зани вай маҳз сурату сирати падару модари хеш – Ҳамроҳи Қодир ва Биёдгорро нигоштааст, муаллиф дар мусоҳиба бо Фотеҳ Абдулло низ ишора намудааст. Ман, ки ифтихори ошноии наздик бо волидайни бузургвори муаллифро доштам ва хушбахтона борҳо аз сўҳбатҳояшон баҳра бурдаам ва ба Амондара сафарҳо зиёд кардаам, вақте ки он саҳифаҳоро мехонам, пеши назарам он чеҳраҳои азизу он манзараҳои шинос бо тамоми зебоӣ ва барҷастагӣ зинда намудор мешаванд.
Сорбон агарчи таъкид кардааст, ки «ҳама асарҳоям асоси воқеӣ доранд» ва ман ба дурустии ин гуфтаҳои ў ҳеҷ шак надорам, ба назари камина беҳтарин навиштаҳои ў маҳз ҳамон асарҳое мебошанд, ки нависанда дар онҳо аз хусуси ҳодиса, шахсият ва ҷойҳое ҳикоят мекунад, ки худ шоҳиди бевосита будаасту аз наздик мешинохтааст ва он ҳамаро аз чархи ҳаллоҷии инсонӣ ва ҳунарии худ гузаронидааст. Имтиёзи ҳикояҳои «Хоб», «Сайёд», «Гови Мир», «Халифа», «Одаму Ҳавво», қиссаҳои хурди «Оташбасар» ва «Кушиш», қиссаҳои «Ҷўгӣ», «Шинел», «Сабо» ва «Чархи эҳтиётӣ», оғози китоби якум ва чаҳор боби аввали китоби дуюми романи «Зарафшон» нисбат ба навиштаҳои дигари ў низ дар ҳамин аст.
Инро ба таври ғайримустақим худи нависанда низ эътироф кардааст ва гуфтааст: «Аммо гоҳе ки аз диёр дур меравам, тароват гум мешавад, гўйӣ ғозаву гулгуна мемолам ба рўйи қаҳрамонони хеш, бетароват, беназокат, бегона метобад».
Сорбон танҳо аз дида, дониста ва мушоҳидаҳои бевоситааш сухан намекунад. Вай аз шунидагиҳо ва хондагиҳояш низ асар офаридааст, аз ҷумла аз он қиссаву ривоят ва достонҳое, ки аз падари бузургвораш ва устоди шикораш эшони Рустамхон шунидааст, аз он чизҳое, ки аз сарчашмаҳо хондааст ва ё аз шоҳидони

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан