Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 6 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 6 аз 470 · 3 ноябри 2026

он воқеаҳо омўхтааст, масалан дар ҳикояҳои «Нақши марди ланг», «Осиёи навбат», «Лола» ва «Бораи сагкуш», қиссаҳои хурди «Корвон», «Марди танҳо» ва «Якгўша», қиссаҳои «Занги аввал»
ва «Буд, набуд...», китобҳои якум, дуюм ва сеюми «Зарафшон»
(«Ниёз-кончӣ», «Шарифа» ва «Туғрал»), «Достони писари Худо»
ва «Кадевар» ва ғ. Ин асарҳои муаллиф саҳифа ва фаслу бобҳои ҷолиб ва чеҳраҳои ҳунарии воқеан ҳунармандона офаридашуда бисёр доранд, аммо инсоф он аст, ки ҳанўз ба дараҷаи амондараномаҳои ў нарасидаанд.
Сорбон дар «Лоиқнома» вақте ки дар омади гап аз деҳаи Мазори Шариф, арчазори турбати Хоҷа Муҳаммади Башоро, кўҳи Чилмеҳроб ва чӣ гуна гузаштани бачагиҳои Лоиқ ёд меоварад, эътироф мекунад, ки: «Ин чизҳоро хубтар аз ҳама бародар Қоришариф медонад: мо шунидаем, ў дидааст». Дар воқеъ, ў дуруст мегўяд. Нависанда дидагиҳояшро хубтару беҳтар ба қалам овардааст. Аз миёни адибони машҳури дунё, ки Сорбон ба онҳо эътиқод ва алоқамандии зиёд дорад, И.С. Тургенев низ ҳамин хислатро доштааст ва вай бо ифтихор изҳор медоштааст, ки: «Ман вуқўъгўй мебошам... Ман ҳеҷ вақт аз сарам офарида наметавонистам... Ман барои он ки ягон шахси хаёлиро биофарам, бояд шахси зиндаро тасвир намоям, ки бароям хатти роҳнамо хоҳад шуд» («Я реалист...
Я никогда не мог творить из головы... Мне для того, чтобы вывести какое-нибудь вымышленное лицо, необходимо избрать живого человека, который служил бы мне ведущей нитью»). Ин нависандаи бузурги рус ба Флобер ва Золя аз ин нигоҳ эрод гирифтааст ва навиштааст, ки «На барои он ки онҳо истеъдод надоштанд,...
балки онҳо аз роҳи дуруст намераванд – аз ҳад зиёд мебофанд.
Аз адабиёти онҳо бўйи адабиёт меояд» («И не то чтобы у них не было таланта,... но идут они не по настоящей дороге – и уж очень сильно сочинают. Литературой воняет от их литературы»).
Адиби номии русӣ Юрий Бондарев, муаллифи романҳои маълуми «Барфи сўзон» ва «Соҳил» дар хитоб ба хонандагони худ гуфтааст, ки «агар нависанда таҷрибаи зиндагӣ (биография) надошта бошад, ў наметавонад, ки онро ба таври сунъӣ бисозад».
Ба андешаи ў, «санад ва рўйдод танҳо вақте ба ҳақиқати бадеӣ табдил мешаванд, ки агар онҳоро нависанда аз «ҳаллоҷии» худ гузаронида бошад». Гумон меравад, ки нарасидани маводи кофӣ ва зарурӣ ва алалхусус ҳанўз ба моли худи муаллиф бадал нагардидани он мавод, ҳазм нашудани он аз тарафи ў имкон надодааст, ки дар китобҳои якум ва сеюми романи «Зарафшон» («Ниёз-кончӣ ва «Туғрал») ва «Кадевар» ба ин чиз муваффақ гардад. Ин ҳолат дар романи «Достони писари Худо» низ ба назар мерасад, зеро муаллиф бо вуҷуди он ки аз маводи фаровони илмию адабии ватанию хориҷӣ истифода намудааст ва дар замина таҳқиқи ҷиддӣ ҳам дорад, он маводи фаровонро моли худ карда натавонистааст.
Дар ҳаллоҷии он душворӣ кашидааст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан