ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Ҳосилнокии боғҳо дар ин деҳа ба 8-10тонна аз як гектар мерасад. Чунин ҳосилнокии баланд барои оилаҳои деҳқонон фоидаи калони иқтисодӣ меорад. Деҳаи «Хоҷаи мурод». Гуногунии биологӣ дар заминҳои нишеб.
Дар деҳаи «Хоҷаи мурод» Гурўҳи технологии деҳа (ГТД) дар мавзўи «Гуногунии биологӣ дар заминҳои нишеб» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин ГТД 7 нафар мардон ва 3 нафар занҳои деҳот доир ба нигоҳдории гуногунии биологӣ дар заминҳои нишеб корҳои амалиро ба ҷо меоранд. Дар ин ҷо асосан ба нигоҳдории гуногунии биологии растаниҳое, ки дар ин ҷо аз қадимулайём мерўянд, ба монанди шибитак, чойкаҳак, чукрӣ, торон, пудинаи лалмӣ, юған, савсан, ҳар гуна алафҳои хўроки чорво, қатраборон, юнучқа, себарга, шабдар, мунҷ, инчунин растаниҳои ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, ҷав, ҷуворимакка, лубиёгиҳо, наск, нахуд, растаниҳои равғандеҳ, зағир, офтобпараст, кунҷит ва ғайраҳо банд мебошанд. Деҳаи «Душохазамин». Парвариши боғ дар нишебӣ.
Дар деҳаи «Душохазамин» Гурўҳи технологии деҳа (ГТД) дар мавзўи «Парвариши боғ дар нишебӣ» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин ГТД 6 нафар мардони деҳот доир ба парвариши боғ дар нишебӣ корҳои амалиро ба ҷо меоранд. Роҳбари ин гурўҳ яке аз донишмандони аслии илми агрономия, ки чандин сол роҳбарии Ҳукумати ноҳияи Нурободро ба ўҳда дошт ва ҳоло, ки нафақахўр мебошад Мубораков Ғаюрбек Назарович мебошанд. Бояд қайд намуд, ки деҳаи «Душохазамин» дар минтақаи кўҳсори ноҳияи Нуробод ҷойгир гаштааст ва мавқеи ҷойгиршавии он барои ташкил намудани боғҳои мевадиҳанда, аз қабили боғҳои себ, нок, чормағз, тут ва дигар дарахтони мевадиҳанда хело қулай мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё