ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Аз сабаби оне, ки дар решаҳои лубиёгиҳо азотоактеринҳо зиндагӣ менамоянд, онҳо барои соли оянда дар хок як қисми нуриҳои нитрогениро низ захира менамоянд, ки ин ба ҳосилхезии хок таъсири мусбат менамояд. Дар натиҷаи кишти ин ду зироат самаранокии истифодаи аз як гектар хело зиёд мегардад. Деҳқонон дар сурати истифода бурдани ин усули кишти омехтаи картошка ва лубиё метавонанд, аз як гектар то 25-30 тонна картошка ва то 0.8 - 1,0 тонна дони лубиё ба даст оранд. Бояд қайд намуд, ки кишти омехтаи картошка ва лубиё таъмини ғизои одамон ҳам хело аҳамияти калон дошта, барои таъмини озўқаворӣ ва ҳифзи саломатӣ аҳамияти калон дошта, барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ ба оилаҳои мардуми деҳот кўмаки калон карда метавонад. Барои ба даст овардани ҳосили баланди ин ду навъи картошка ва лубиё ба замин андохтани 50-100 кг порўи пўсида ва 3-5 кг нуриҳои минералӣ дар майдони 0.01 га аҳамияти калон дорад. Дар давоми нашъу намои ин навъҳо метавон бо додани 6-8 маротиба обмонӣ ҳосили дилхоҳи ду зироатро ба даст овард. Инчунин кишти омехтаи навъҳои картошка ва лубиё ба ҳар гуна касалиҳои занбурўғӣ ва бактериявӣ устувории картошка ва лубиёро зиёд намуда, ин таҷрибаи нодир дар оянда дар корҳои кишоварзӣ дар дигар минтақаҳо метавонад васеъ истифода гардад.
Деҳаи «Шархо». Мубориза бар зидди ҳашаротҳои боғот бо истифода аз алафҳои табиӣ.
Дар деҳаи «Шархо»-и ноҳияи Рашт Гурўҳи технологии деҳа дар мавзўи «Мубориза бар зидди ҳашаротҳои боғот бо истифода аз алафҳои табии» корҳои лоиҳавиро иҷро менамоянд. Дар ГТД 10 нафар мардони ин деҳа дохил мешаванд. Онҳо дар таҷрибаи кори чандсолаашон дар ҷараёни мубориза алайҳи касалиҳо ва зараррасонҳои дарахтону киштзорҳо бештар аз оби чанд алафи кўҳӣ истифода мебаранд. Онҳо дар ин таҷрибаи нодирашон бештар аз чунин алафҳо, аз қабили зардакгул, талха, барги чормағз, алафи қалафуртак ва ғайраҳо истифода мебаранд. Барои ин онҳо баргу пояи ин растаниҳоро дар об тар карда, дар муддати якчанд рўз дар ҷои соя нигоҳ медоранд. Баъд аз он оби турушударо аз дока полонда, ба воситаи дорупошакҳо ба дарахтон мепошанд. Ин оби растаниҳои гуногун ҳаргуна касалӣ ва зараррасонҳоро аз растаниҳо ва дарахтон нобуд месозад. Ин таҷрибаи нодири мардумӣ барои пешгирӣ намудани касалиҳо ва зараррасонҳо мусоидат намуда, барои ҳифзи мўҳити зист низ кўмак мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё