Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

6.1. Ноҳияи Файзобод

Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Файзобод яке аз ноҳияҳои пурфайзи Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он ҷо бахши кишоварзӣ хело пешрафта ба шумор меравад. Дар ин ноҳия мо омўзишу тавсифи донишҳои нодири мардумиро дар Гурўҳи технологии деҳот (ГТД) дар деҳаҳои «Боғи мирӣ», «Сурх дара» ва «Хами савра» дида баромадем.

Деҳаи «Боғи мирӣ». Истеҳсоли тухмии сабзавот. Дар деҳаи «Боғи мирӣ» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Истеҳсоли тухмии сабзавотиҳо» кор мебаранд. Дар ин гурўҳ як мард ва нўҳ зан шомил мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ Зиёев Додулло мебошад. Чи тавре, ки мо аз кори ин ГТД бохабар гаштем онҳо барои парвариш намудани тухмиҳои сабзавотӣ, аз қабили пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг ва ғайраҳо пеш аз ҳама заминро нағз омода месозанд. Пеш аз шудгор ба замин нуриҳои органикӣ (поруи пўсидаро, ба миқдори 5-10 тонна/га) ва минералиро (нитроген- 70 кг/га, фосфор – 110 кг/га ва калий – 70кг/га) андохта, пас онро дастӣ ба воситаи каланд, бел ё ин ки бо ёрии чорвои корӣ шудгор менамоянд. Пас аз шудгор хокро хело майда намуда, онро ба палҳо ҷудо менамоянд. Тухмиҳои сабзавотиро дар палҳои алоҳида кишт менамоянд. Пас аз кишт агар борон набораду замин хушк монад, ба палҳо об мемонанд, то ин ки тухмиҳо неш зада бароянд. Баъди баромадани ниҳолҳо ба киштзор аз ҳисоби 3кг ба майдони 0.01 га нуриҳои нитрогениро (селитраи аммиакӣ ё ин ки мочевина) меандозанд. Ин ғизодиҳӣ барои серҳосил гаштани растаниҳо кўмак мерасонад. Инчунин киштзори тухмиҳоро дар вақти сабзиш 2-3 маротиба аз алафҳои бегона тоза менамоянд. Тухмиҳои расидаро дар фасли тирамоҳ ғунучин намуда, шуста, хушк карда, ба бозор ё ин ки то баҳори соли оянда нигоҳ медоранд.

пешина
аз 56
навбатӣ