Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Холам надонистагӣ чиза ман аз куҷо донам?... Баромада хабар гирам?»
Сафедак иринҷос мезанад ва тайёр аст, ки уллос занад, вале чизе гулўяшро мегирад, хаёли кас, ки мўрчаи миёни панҷа даромадаро бароварда натавониста, олуғдагӣ мекунад. Наздик, чунон ба дил наздик, ки нафасаш аз роғи дар дарун мезанад, фўкаш дарро месояд.
«Мардак, бинед чӣ гап?»
«Аз ман безор шудӣ?»
Занак ба шавҳар ҷавоб надода боз хест, то дарро кушояд, аммо Абўмансур аз дасташ кашида бознишонд...
Дар пуршаст кушода шуд, фўки Сафедак зарба хўрда «вуъ!»
гуфта пас рафт. Ба хона ҳавои тоза даромад. Онҳо ҳайрон буданд, ки дарро кӣ кушода бошад. Тарсиданд. Дар аз дарун занҷир будку!
«Келин!»
«Лаббай!»
«Ин чӣ кори кардаат?»
— Саг сўзан хурдагӣ барин... – ҳам сабаб ёфт, ҳам сўҳбат ҷиддӣ шуд, вале мақсади дар кушоданаш дигар буд: гумонаш, ки саг аз шиканҷаи Зукур паси дар иринҷос мезанад.
— Сўзан хўрда бошад, сўзанро аз гулўи вай кашида мегирӣ?
– пичингомез гуфт модаршў, – сўзан мехўрд, силкасал барин месулфид.
Сангиной ба ҳарфи ў эътиборе надода, берун менигарист, ки дар ҳақиқат ягон кас ҳаст ва ё коре шуда бо саг. «Хушдоман бо келин насозад» аз пичинги ў хулоса баровард Сангиной ва гуфтору рафтори чандрўзаро пеши назар оварда, яқин кард, ки баъди рафтани Зукур муносибати модаршў дигар шуда бо ў: ё олуғдаи дидори писар, ё дар соли қаҳтӣ ўро нонхўри зиёдатӣ донад... Барои чунин рафтор – бадгўиву гиреҳи абрў Абўмансур як ба зан мевағғаду боз ба сони оташи обзада фурў мешинад. Садои ботинии ўро ҷуз худ касе нашнавад: «Келин барои он падаршўро азиз, ки тухмаи ўро зинда медорад». Сангиной дилсўзиву тарафгирии падаршўро пай мебарад, аммо аз чунин ҳол рафтори модаршў беҳ не, батар мегардад.
— Дара пўш!... Дар хона мардина ҳаст! Кӣ монда туро ба даркушоӣ?
Сангиной дарро напўшид, балки берун баромад ва ба таънаи модаршў гирифтор шуд:
— Хушдорат омад? Нисбатат омад? Ҳоло муддати сафари Абўзукур нагузаштааст...
— Дамата гир!
— Чиба дамама гирам?! Ман писари зиёд дорам, ки дамама гирам? Ба ҳамин умед келин карда будам, ки бе иҷозати ман дар кушояд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор