Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа
ПОВЕСТ ҶЎГӢ
Подшоҳе ба ҷўгидухтаре дил бохт ва ўро ба болои занҳояш гирифт. Вале ҷўгидухтар дар ҷоҳу ҷалоли шоҳона шоду хуррам набуд. Подшоҳ барои асрори ҳазинии ўро фаҳмидан духтарро дар хона танҳо гузошт ва поид. Ҷўгидухтар дергоҳ нишаст ва бархоста аз нондон нонро гирифта, ба токчаҳо гузошт ва халтаеро ба китф овехта, назди ҳар токчае рафта «Хайр бикун» мегуфт ва нонро гирифта ба халта меандохт...
Подшоҳ сабаби маҳзунии ўро дарёфта гуфт: «Хўе, ки бо шир ба тан дарояд, бо ҷон барояд».
Автобуси байни шаҳру деҳот дар сояи чормағзи азими сари роҳ қарор гирифт. Бозорчиҳо фаромаданд. Ҳамроҳи онҳо як зани ношиноси ҷўгисурат ҳам фаромад. Ў ба ҷўгӣ монанд буд, вале на халта дошту на асо. Ороиш ва зебу зиннаташ ҷўгиёна буд: ҳалқаҳои қатор дошт, дар рухсораҳояш холҳои кабуд канда буд. Дар ҳар ангушташ як ё ду ангуштарӣ гузаронда буд, тавқи гардан ва хафабанд ҳам дошт. Ва дар ҳавои тафсои тобистон яктаки рах-рах пўшида камарчаҳояшро ба ҳам баста буд. Вале ин ҷо дар шигифт афтод: ба мардум нигарист, ки аз ў чизе мепурсида бошанд. Ба ў чунон эътиборе доданд, ки ба ҳама ҷўгиҳо медоданд. Агар ин зан ҷўгӣ буд, онҳоро шинос менамуд, ўро ба гап мегирифтанд, дар бораи Худойқулу кампири Чинӣ ва ё Умматқул саволҳо медоданд.
Афсўс, ки ўро ношинос дида, касе чизе напурсид, вале байни худ чиҳое гуфтанд:
«Ҳозир, хайр бикун, мегўяд» ба гўши яке пичирос зад дигаре.
«Не, он даврро об бурд, ҷўгиҳо ин замон садақа наметалабанд».
«Хестӣ, ки хобат».
«Не, ба ростӣ»...
«Илоҳо, ҳамин тавр бошад».
— Ассалому алайкум! – ба ҳозирон рў овард занак.
— Ваълайкум! – баробар ҷавоб гардонданд чанд нафар. Занак шерак шуда пеш омад ва якбора аз мақсад сар кард:
— Аз авлоди Искандариҳо дар ин деҳа ягон кас мондааст?
— Кадом Искандар? – ба саволаш ҷавоб надода пурсиданд.
— Искандари Таги Ғор.
— Наберае аз ў монда, ки дар кўҳ, говбони ферма. – Сар ларзонда гуфт пирамарди навадсола, ки Муҳаммадӣ ном дошт ва вақти зиёдашро чун роҳбон дар зери айвони чойхона гузаронда, ҳар касе ба деҳа дарояду барояд, медонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё