Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ҳамон шаб барф борид. Зукур аз хори дар пошнаи пояш пўсида ибое надошт, аммо аз барф тарсид. То рафта омаданаш барфи арасот борида, яхбандӣ шавад, аз пой маҳрум мегардад... Аз рўи фармуди Ваҳшӣ ду пора пўстро аз таги чоруқ кафакӣ баст ва ба роҳ даромад... Дар ин ҷо барф буду дар деҳа на.
...Зукур рўзи чаҳоруми моҳи нав ба камари Сурхнова омад ва буни санги сурхи дағал, ки аз тарафи рост меистод, халтачаеро дид, аммо наздик нарафт, кордор нашуд ва рў ба боғу хонаашон нишаст, ки чӣ пеш меояд. Торик шуд, аз Сангиной дарак набуд.
Касе барои халтачаи сафед намеомад. Зукур яқин кард, ки ин кори Сангиной аст ва шояд аз лоимконӣ ин корро карда бошад.
«Фаҳмидагистанд… омадан намонанд.» Як дил кард, ки халтаро кушода, чӣ доштанашро фаҳмад, аммо наздик нашуд...
Сабаби наомадани Сангиной дигар буд: намехост, ки сияҳпўш назди Зукур биёяд. Аз ин рў вақтро гузаронда, ҳаворо торик карда, сиёҳашро бадал сохта, сонӣ оҳиста-оҳиста ба камар омад, ки он ҷо будани Зукурро медонист; дар паҳлўи шахи сафед дида буд, дар даҳонаи камар ҳам. Дер истоду либос бадал кард, то касе чунин рафтори ўро набинад, ки хандад – ба мурдаи модаршў як ҳафта нашудаасту ў куртаи ранга пўшидааст. Сангиной ин корро барои Зукур кард, то аз фавти модар воқиф нагардад... боз барои онҳо шуда дер ба ғор рафт, то касе набинад, пай нагирад; Каттабибӣ одам мондааст аз паси ў... Мардуми деҳ «девона» будани Сангинойро медонанд. Сурх пўшад ҳам, бори дигар механданду «девонатар»-аш мехонанд. На барои он ки Зукурро парешону ғамӣ дидан намехост, балки аз ў метарсид – аз рафтори ў, аз мурдаи модарро дониста, ҳошо калло ба хона рафтани ў ва аз ба даст афтодани ў. Офтобро ба домон пўшида намешавад, то чанд дар оғил зиндагӣ мекунад? Ҳайвонсифат тару хушкашро дар оғил кунад ҳам, мардум мефаҳманд.
«— Нағз, ҳама нағз» – мегуфт ба пурсиданиҳои Зукур ва худро ба ў ҷафс мекард, ки чизе пай набарад.
— Ту медонӣ, Ваҳшӣ чӣ хел одами нағз будааст, чӣ хел раҳмдил будааст? Ман аз гуруснагӣ заъфи шикам шуда қариб мемурдам, ки ў мадад кард. Бечора, забони гуё надорад.
— Ба ту гандумбирён овардам, Зукур, – гўё ҷумлаи охирини ўро нашунида гуфт Сангиной, ки маҳз барои ҳамин чизро гуфтан омада бошад.
— Дидам, – гуфт Зукур ва боз ҳушаш ба Ваҳшӣ рафт: – Бечора агар забон медошт, чӣ қадар чизҳо мегуфт... Ишора мекунад, аз ишораҳояш чизе фаҳмида намешавад... Боз ба ягон кас нагўӣ?!
— Не-е... – садои нафасӣ баровард Сангиной ва худро боз ба Зукур ҷафстар кард. Зукур низ ўро ба танг кашид. Сангиной пай бурд, ки бўй мекунад ў: бўйи туршӣ, бўйи ғор... аммо худро пас накашид, то ў ягон чиз пай набарад, нафаҳмад, ки дар дили ў алами ноғунҷоне давр мезанаду гуфта наметавонад ё намехоҳад гўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор