Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман бояд равам, Зукур!
— Ба куҷо?
— Ба куҷо мешуд? Ба хона!
— Гумон кардам, ҳамроҳи ман...
— Ҳамроҳи ту?... Мумкин не-дия, набошад, мерафтам.
— Чаро мумкин не?
— Ман гум шавам, ҳама чиз равшан мегардад... То кай худро ба девонагӣ зада, ҳар чизро баҳона карда, назди ту меоям? Саргинчиниву хорчакашонӣ ба дилам зад.
— Охир ту ҳар рўз назди ман намеоӣ-ку?!
— Ман ҳар рўз назди ту меоям, Зукур... барои он ки як рўз гум шуданамро пай набаранд, ман ҳар рўз назди ту буданро машқ мекунам, девона-девона дар дашту кўҳҳо мегардам.
— Ин хел накун, боз ягон кас наранҷонад!
— Не, касе намеранҷонад, ҳама аз девона метарсанд, акнун фаҳмидам, ки чаро бисёриҳо худро ба девонагӣ мезадаанд.
— Шоҳназар ҳоло ҳам девона?
— Ҳо, девонаи хонабанд... тару хушкаш як ҷо мегўянд... Дасту пояш баста.
— Хайрият! – мадд кашида гуфт Зукур ва гўё осуда гашт.
— Барои чӣ хайрият?
— Хайрият, ки ўро дашту кўҳ гаштан намемонанд, вагарна туро азоб медод.
— Чӣ хел маро азоб медод? – ба сухани ў сарфаҳм нарафта пурсид Сангиной.
— Ана ин хел мебардошту ба замин мехобонду ба болоят савор мешуд.
Аз чунин ҳарфу рафтори Зукур Сангиной дар ғазаб шуд ва дасту пой зада, аз зери ў хестан мехост, ки шавҳараш дар бораи ў фикри хуб надоштааст ва девона-девона дар кўҳу дашт гаштанро аломати дигар чиз медонистааст. Сангиной аз ў напурсид, ки барои чӣ чунин гуфт... балки ҳаракат мекард, ки аз зери ў озод шуда, хезад ва равад. Аммо Зукур рафтори ўро нози занона дониста, вайро ба замин пахштар мекард ва гўё ки ў зани ғаниматафтода бошад, гардан, рўй ва сари синаи ўро зўран мегазид, мемакид. Сангиной садо мекард, баъзан дод мегуфт ва шавқи Зукурро меафзуд.
— Девона шудаӣ? Чаро ин хел мекунӣ?
— Девона, ҳо, девона! – мегуфт ў ва гўё дар умраш занро надида бошад, ба қавле, мехўрд.
— Накун ин хел! Наку-уу-ун!
Садои баланди ў Зукурро андаке аз рафтори ваҳшиёнааш боздошт ва ба сараш зад, ки дар ҳақиқат барои чӣ чунин рафтор мекунад. Вай ором шуд. Вазнашро пурра бар Сангиной андохта, оҳиста-оҳиста чашму абрў ва рўи ўро лаблес мекард, то занаш бубахшадаш.

пешина
аз 429
навбатӣ