Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Онҳо баробари таънаю маломат ба сари Сафар сангу чўб рехтанд. Сафар дар ин миёна гўшт кам кард; лоғар шуд.
Мардон барнагаштанд. Обраҳаи шахи Лагаргиф нимкора монд.
Тобистон ҳам сипарӣ шуд. Дасту дили Сафар ба кор намерафт ва аз тагоби Лагаргиф дил канда ҳам наметавонист ва Ҳаким чӣ дилкашолие дошт, ки ёди Сабағ намекард. Ҳоло ҳам моли Сафарро бонӣ мекард. Чунин рафтори ў Сафарро дар ҳайрат меандохт, вале намеёрист, ки сабаби бозистодани ўро пурсад. Фақат боре ба ин чиз ҷуръат кард:
— Ту чаро намеравӣ, Ҳаким?
— Шумо танҳо...
Ҳамин қадар буд гуфтугў ва Ҳаким бо чунин ҷавоб ба дили Сафар хубтар ҷой гирифт ва дафъаи дигар савол аз ҷониби Ҳаким шуд.
— Чарм надоред, ако?
— Чоруқ дарид?
— Не, ако. Чоруқи Ҳалимаро дўзам, мол бонӣ кунад, ману шумо шах меканем.
Ин ҳарф ба Сафар хуш омад. ў даруни хиргоҳ даромада як пора резини аз чархи мошин буридаро баровард ва ба Ҳаким дароз кард. Ҳаким резинро гирифта лаби об рафт, ҳамон рўз варақҳои онро ҷудо кард, қолаби чоруқҳои Ҳалима бурида, таг баст: фақат як пораи онро таг баста натавонист, зеро резини ғафс имконияти зуд сўзан гузаронидан намедод; дарафш гузарад ҳам, сўзан дар мемонд ва усто Ҳаким ба як пойи дўхта иктифо кард ва бегоҳ вақте ки пойи чоруқро гирифта аз лаби об ба дари хиргоҳ омад, Ҳалима аз даруни хиргоҳ базўр худро намуда, сўйи Ҳаким табассум кард.
Ҳаким чоруқро дами дари хиргоҳ гузошта ба адир рост шуд, ки моли парокандаро ҷамъ орад. Ва ҳамин ки мол омад ва серкаи сафед пешопеш ҷавлон карда меомад, Ҳалима баромада аз гардани серка оғўш, сонӣ хорумолаш кард ва боз як назар сўйи Ҳаким чашм чаронда ба хиргоҳ даромад... Рўзи дигар Ҳаким боз молро ба адири рў ба рў ҳай карда пойи дигари чоруқро дўхт ва боз оварда дами дар гузошта нигоҳи фаттону дилрабои Ҳалимаро дид ва боз аз пайи мол рафт... Бегоҳ машварат карданд, ки чоруқҳои Ҳалима дўхта шуд, вай аз пайи мол равад, Сафару Ҳаким шах мешикананд. Онҳо дорую рўда гирифта, ба обмўрии шах рафтанд ва аз пайи кор шуданд; ҳамчунон кор идома дошт; садои таркиш меомад, садои путку боткон мебаромад, замбарғалтак чарх мегашт, шахпораҳо ба сой мерехт, ғор фурўтар мерафт. Дар ин кор ҳамаи такоббудагон ширкат доштанд ба ҷуз Ҳалима. Хонадони Сафари Хонакалон обмўрии дурудароз мекофтанд. Ва ҳар боре, ки Ҳаким замбарғалтакро пури сангу шахпора карда аз ғор мебаровард ва ба пастӣ нишеб мекард, ба баҳонаи нафас рост кардан адирҳоро чашм медавонд, то пайкари зебои Ҳалимаро бинад, чунон ки рўзи аввал дар сари теға мисли як лола дида буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо