Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Шабро сари санг рўз кард, вале ба хотири ҳарфи зиёд нашуданаш ва анҷоми нохуб напазируфтанаш ба деҳа нафаромад, аммо баъди азоби шабина ва сардии боди такоб ба деҳа наздик шуда, на Деҳманора, балки як деҳаи харобу вайронаро дид, ки гўё як қарн боз пойи одам ба он ҷо нарасида бошад: аз қалъаи поёни Деҳманора ҳам вайронтар, фақат боми хонаи ў солим аст дигар ҳама валангор. Ва ҳамин ки Қурбон ба хона даромад, як намади кўҳна, ду пўстак, як болишту як кўрпаро дид, ки дар гўшаи хона буни хамма меистод, дигар чизу чораро бурда, танҳо дегу табақи сиёҳу чойҷўшро боқӣ гузоштаанд:
«Бас, барои ман зиёдатӣ», – аз дил гузаронд ў ва чизе безобита мекардагӣ барин бархеста хаммаро хабар гирифт; гандум ҳаст, дигар чиз лозим не, худаш бурда осиёб карда метавонад. Хараш ҳам ҳаст, боз говро набурдаанд, дигар чӣ лозим? Як ҳамсўҳбат, ки ба ягон диёри ҳамсоя рафта пайдо мекунад, ҳама ба Бўстон накўчидагистанд... Шаб ба назараш беохир буд ва гумонаш, ки рўз намешуда бошад, вале рўз ҳам чунон тўлонӣ, ки шом намегашта бошад ва ҳамааш аз ҳамин лаҳза сар шуд; чашми ў дар роҳ, ки боз ягон кас гурехта бошад, меояд, бо умед ба роҳ менигарад, аммо чашмони вай хона карду касе пайдо нашуд, мошин ҳам наомад; гўё тамоми деҳоти болоро кўчонда, дигар ба омадани мошин ҳоҷат намонда бошад. Он рўз тамоми рўз нишаст, ба ҷуз об аз гулўяш чизе намегузашт; об мехўрду об, гўё дилу ҷигараш дар мегирифт, месўхт; чунон месўхт, ки аз хаёлаш чизе намегузашт ва ба андеша кардан мадору фара надошт. Ҳамин хел, ки ўро зада, кўфта партофта бошанд. Говро надўшид, харро набаст, чароғ нагиронд, хўрок ҳам тайёр накард, гўё ба чизҳо ҳоҷат не.
Гову хар ҳар қадар хоҳанд, хўранду чаранд, мулки худашон...
Моҳтоб мисли шир буд, фазо ғуборе надорад, моҳ тоза метобад, ситораҳо ҳам, чунон равшан, ки чароғ ҳам лозим нест, вале ин тозагиву ин равшанӣ дар дили Қурбон намеғунҷид, зеро як боди дар умре навазида аз болооби Зарафшон шояд аз зери пирчи азим бошад, мисли балое ғуррида рў-рўйи рўд, гўё аз об чангу ғубор бардошта, ба соҳилҳо бархўрда, ҳама чизи роҳро ба гирдаш печонда, ба осмон мебардорад ва ба замин мезанад ва баъзан чунон дур меандозад, ки ба назар наменамояд: «Ин бало маро Бўстон бурданист» – ба худ гуфт ва аз пушти бом фаромада, ба хона даромада, дарро ғалақа андохт ва баъди фурсате дарк кард, ки касе дарро мекўбад. «Кӣ?» гуфта пурсиданӣ шуд, аммо забонаш нагашт, зеро медонист, ки дар чунин ғояти шаб касе дар кўфтанаш мумкин нест. «Ё касе бар қасди ҷони ман аст ва ё кампир худро аз мошин партофта баргашта омад».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо