Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳаа сухан нест, чунки чунин корҳо набуд, якта-нимта одамҳо тарки диёр мекарданд, ки аз рўйи зарурат буд; ё рўзашон намегузашт ва ё носозие доштанд, вале касе надидааст, ки деҳахез кўчида бошанд... Як замон вақти босмачигарӣ шуда буд: деҳа ба кўҳистон кўчида буд – чандон дур не, онҳо бозгашта омада буданд, вале инҳо намеоянд, шояд «акнун роҳатамонро ёфтем» ҳам гўянд, шояд... Ба тани Қурбон хориш даромад, як хорише, ки мисли боди ғуррон аз куҷо пайдо шуданашро кас намедонад; хориш ба тамоми узвҳояш давид ва ҳатто бехи ришаш ҳам ба нохун эҳтиёҷ пайдо кард ва оқибат дар хона тоқат карда натавонист, ғалақаи дарро кушода, аввал дарро нимроғ карда, ба берун диққат дод ва баъди он ки тоқаташ тоқ гашт, баромад. Гов ҳам дар ҷояш, хар ҳам. Дар гирду гўша ҷонзоде нест, бо вуҷуди он дилаш ваҳм дорад; аз буни деворҳои сангин, аз сари қалъа, аз даҳанаи тагоб ўро мепойидагӣ барин, ба вай ҳамлаовар мешудагӣ барин, дасту пой баста, куллук карда, мебурдагӣ барин, – ҳамин хел ба назараш метобад, аммо аз ягон ҷо садое нест, ки боиси ташвиш гардад:
«Баъд чӣ мешавад? Ҳоло як рўз нагузашта ин хел...» Ў аз замин чизе пайдо накард, ба осмон нигарист, вале аз зебоуию равшании осмон чизе дарёфт накард, дар ҳайрат ҳам набуд, ки чӣ хел баъди ин қадар ғурру фиш ҳаво соф аст, гўё дар рўйи замин хасе беҷо нашудааст, аммо ба назараш, ки худи ў дар ҷояш нест, ҷою манзил, замини бисёр, ин дунёи бекас ба кӣ лозим? Андешае, ки андаруни хона ба сар наомада буд, дар ҳавои кушод ба майнааш зад: «Рост, ба кӣ лозим ҳамаи ин?» Вай ба назараш пешбинӣ мекунад, ки чунин аҳвол дер намепояд, агар зинда монад, боз чӣ қадар шабҳову рўзҳо пеш меоянд. Рўйи бом баромад, гўё аз дунёи танг ба дунёи кушод... хориши танаш рафъ шуд, дар ҳоо сари кўҳ ситораи Сармо пайдо шудааст, хунукӣ мефарояд. Ба пайдо гаштани ситораи Сармо чанд вақт шуда буд, аз чӣ сабаб бошад, ки ў диққат намедод ва ё овози кўчокўчи Масчоҳ хотиру назари вайро аз ҳама чиз дур карда буд. Пушти бом Од барин дароз мегашт ва меҳаросид, ки касе ўро чунин дида девона мегўяд ва пагоҳ овозааш аз ин диёр ба диёре меравад. Ба ҳар тақдир имон меовард, ки дар ҳамин наздикиҳо касе ҳаст, ҳама рафтору кирдори ўро мебинад... Дароз кашид, пушти боми пурчанг, ки дар деҳа ягона боми солим буд ва аз он ҷо ҳам вайронаҳо менамуд, дароз кашид; лаҳзае ором шуд ва ба чашмаш хоб омад ва ў авло донист, ки хоб равад, рўз шавад, ягон чиз меандешидагист, вале баробари рўйи кўрпа дароз кашидан хоби омада боз рафт... Ё аз Палорак ё аз Роғ хурўсе бонг зад, ки аранге ба гўш омад ва гўё дуртар аз он харе ҳанг зад. «Наход, ки миёни ин кўҳҳо зиндагӣ давом мекарда бошад?»
Қурбон тезиҳои зиёд дорад, вале вақте ки андеша мекунад, сухани гуфтаашро медонад, ҳоло ҳамин хел: мулоҳизаҳояш тезӣ надоранд, чунки кори яктарафа мекардагӣ нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо