Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Медонӣ, танҳоӣ чӣ хел бад будааст? Танҳоӣ – ҳаром мурдан будааст. Ман беҳуда ба ту каллаварам ҷон коҳонда ҳарф мезанам... Ту ҳам танҳо, хар ҳам танҳо, ман... не, ту акнун танҳо не ва мо якҷоя танҳо не, лекин ин чизро ту намефаҳмӣ, ҳазор бор гўям ҳам, намефаҳмӣ...
Ман ин ҷо чӣ қадар азоб кашидам, ба мурдан наздик шудаму ту аз ҳолам хабар надорӣ ва ман ҳам аз ҳоли ту хабар надорам, дуриамон як қадам...»
Қурбон гуфтор карда, хаставу бемориашро аз ёд баровард, «Акнун дарро ҷафс пўшидан лозим, ки оғил гарм шавад: барои ин барфи даруни дарро рўфтан лозим, вале бел дар сари замин, ба даст кандану берун андохтани он кори саҳл не.» Ў берун баромад, ки сари замин рафта белро орад, гўё кори дигар набошад.
Вай охирин девори вайронаи деҳаро гузашту бозистод; ана он галаи қатори даҳанаи такоби Деҳманора ўро аз рафтан боздошт:
«Шояд инҳо гург набошанд, шояд сагоне бошанд, ки як рўз пеш аз кўчидани деҳа уллос кашида ба ҳар тараф ғайб зада буданд, шояд... Лекин бовари кас намеояд, ки ин қадар саг ё гург якҷоя шаванд, эҳтимол сагҳо ва гургон якҷоя шуда бошанд. Ба ҳар ҳол то сари замин рафта, белро гирифта намешавад... зудтар гашта, оғилро маҳкам кардан лозим...» Ў боз ба галаи рў-рўйи барфи сафед бозигар дуру дароз зеҳн монд ва ақлаш ду шудагӣ барин, фаросати баргаштан накарда ҳайратзада меистод ва яке аз хунукӣ ларзида ба худ омад ва яқин кард, ки боз табу ларза мегирад, то хона нарасиданаш ҳам мумкин... Баргашт, аз сангдеворҳо дошта баргашт, вале ба хона надаромада, оғил рафт ва ҳамин дам дарк кард, ки ў танҳо не, ҳамроҳ дорад. Боз меҳмон ҳам ҳаст. Вай нар будани гўсоларо донист, аммо рангу шаклашро намедид, ки чӣ гуна аст. Вале гўсола, ки имшаб аввалин бор садои одамро шуниду шакли ўро дуруст намедид, ҳайрон аст: ҳайрон, ки ин махлуқ садо бароварда, сухан мекунад, чизҳои ба ў номаълум мегўяд ва боз даст ба ҳам мерасонад, ба очаи ў дўғу пўписа ҳам мекунад, вале ҳеҷ кадоми онро гўсола намефаҳмад – гўсола-дия... Вале Қурбон аз ин хусусҳо андеша надорад, фикри ў ба тоза кардани барфи дами дар ва пўшидану аз гургҳо эмин мондан банд аст...
Дастони ў хунук хўрданд, панҷаҳояш шах шуданд. Акси беморӣ, вагарна чунин кор барои ў бозича, даму нафасаш қатӣ ҳам об мекард, аммо ҳоло нафасаш аз даҳан мебарояду дар лабаш ях мебандад. Ба назараш як чиз ё аз паҳлўи хона гузашт ё даруни хона даромад, дарро пўшид, пўшида нашуд, барф намемонд; лагад зада барфро рўйи оғил тит кард, барфи беруни дарро ҳам по зада парешон кард ва дарро сахт пўшид, қариб ҷафс шуд, аммо чизе набуд, ки паси дар тамба монад, то дар кушода нашавад...
Боз як чиз гузашт... Акнун ўро ёрои ба хона гузаштан нест ва дар чунин аҳвол, ки дар хуб пўшида намешавад, хона рафтан аз худу аз ҳамроҳон даст шустан аст.

пешина
аз 393
навбатӣ