Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Кай рўз мешуда бошад?» Ў, ки қуввати муқобилат надошт, садо намебаровард ва танҳо умед ба равшанӣ баста буд, ки шояд ин гургони гуруснаву саггургонро ронад; беморӣ ва сармо ба назараш наметофт. «Наход маро хоб надида бошанд, ки...» Ба дар чанг задани гурге хаёли дури ўро барканд. «Мадор надорам, вагарна онаи зоратро нишон медиҳам».
Ў зону ба дар тира монда, нўги шоха аз роғи дар берун кард ва якбора зад, ки ба шонаи гурге расид ва онҳо як тапар-тапар карданду андаке дур рафта ҷо-ҷо чукка заданд... боз садои ғурриши саггургон баромад. «Садо диҳам, онҳо сагона ба гургҳо ҳамла мекарда бошанд? Не-не, хап шин, ки аз ҳамин рўзат ҳам мемонӣ».
Гурги зарбхўрда дур рафт, вале хашмаш аз ҳама зиёд буд... Хар боз ҳанг зад, сўрохии порупарто боз тира шуд, мардак боз башаст рафта шоха зад... ва гургон назди хона қарор истоданд, ба назар мунтазири ишорае ва ё пеш даромадани саркардае буданд...
Баъдтар гургон як-як паси хона гузаштанд, вале саггургон ҳоло ҳам пўстак пора мекарданд.
Дар берун ва дар ботини Қурбон субҳ дамид. Вай он шаб ҳама гуна дардро фаромўш кард; гўё дард аз тарси эшони палоракӣ дар танаш омада буд ва аз тарси имшаба баромад; сангро санг шиканад...
Дар пешгаҳи водии Масчоҳ, сапеда дамид, фазо аввал бунафшаранг гашт, сонӣ ба абри сафед бадал шуд, ў каме дарро боз карда, сар бароварда ба берун нигарист, оромӣ; шохаро пеш андохта озод баромад, назди дар рост истод, хуб нигарист; тахмин дошт, ки гургон рафтанд, аммо гумонаш, ки саггургон бозмонда бошанд – агар сагони ин деҳа бошанд, бояд ки монда бошанд; ба ҳар ҳол андаруни хона нестанд, зеро Қурбон аз назди хона дур шудани онҳоро дида буд, ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт, чунки ин сагон он сагон нестанд. Вай ба дари хона рафта дастархонро пора-пора дид: «Лаънатиҳо одат карданд, акнун ҳар рўз меоянд».
Буни хона, паси онро хабар гирифт; ҳама ҷо пайи пойи гург буд, аммо онҳо наменамуданд, сонӣ ў аз пайи пайдо кардани бели чўб афтод, то барфи роҳи оғилу хона ва рўйи бомро тоза кунад.
Куҷо будани бел ба ёдаш наомад; оғил ва буни деворҳоро хабар гирифт, баъд ба ҳоҷатхона даромад, ки бел ба девори он рост аст. «Сабил монад ин хотира, ҳазор бор ин белро дар ҳамин ҷо дидӣ...» Ў аз ҳамон ҷо роҳрав кард ва то дари хона омад, ки мадораш хушк шуд; навъе карда барфи лаби бомро резонд, рўйи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо