Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Кам-кам хўрдан лозим будааст, нафси бад».
Лакоту лоҳаз шуд, аз каланд задагӣ ҳам бадтар. «Гов бошӣ ҳам, дар вақташ зойидӣ... лекин соли дигар қисир мемонӣ, буққа нест...
Агар ягон буққаи роҳгузар пайдо нашавад, қисир мемонӣ... Қисир монӣ ҳам, аз шир намонӣ, шуд». Ў ба сатили шир нигарист, ки дар тагаш каме мондааст, боз хўрданаш меояду метарсад, ки зўрӣ накунад. Хуши хестан надошт. Гўё аз бози рафтани мардуми деҳа як худаш ба ҷойи ҳамаи онҳо кор карда, монда шуда, акнун роҳат кардан мехост, гўшаш ҷеғ зад – садои ҳуштак барин. Сатилро канортар гузошт ва аз мехи сутуни оғил шохбандеро гирифта ба гардани гўсола андохт ва ба ҳамон сутун ҳалқа баст: «Эркагӣ бас, шири очатро бо ҳам мебинем» – ва сатилро гирифта ба хона рафт. Дари хонаро кушодан замон ба сару рўяш гармӣ зад, дарро боз пўшид ва сатилро назди оташдон гузошта, ба ҷогаҳи ноғундоштааш дароз кашид. «Чандшанбе бошад? Чоршанбе бошад, хоб рафтан мумкин не, одам боз вазнин мешавад». Вале хуши хестан накард. «Мани бандаи ношукрро хуб шавад, аз тақдир рў тофтам, ба фармудаи худо шак оварда, накўчидам, барои бандаи ношукр шанбею чоршанбе нест...» – ва хобаш бурд. Ҳамин ки чашм кушод ва андаке худро сабук ҳис кард, ба андеша рафт: хаёлаш, ки дуру дароз хобида, аз байн вақти зиёде гузаштааст – барфҳо об шуда, гўсола калон шудааст ва акнун ҳамроҳи хар ҷуфт баста заминро мекорад; зиндагӣ давом мекунад, вале ў яккаву танҳо мемонад; хар ҳам, гов ҳам, буққача ҳам... Аммо берун ҳамчунон сармо, пурбарф ва бекас буд. Танҳо вақте ки ў хориҳои зиёдро аз сар гузаронд, аз бими хунукию даҳшати гургон раҳо ёфт, фасли хаёлии ў фаро расид; дар ин миён ў бо шири гову орду гандум умр ба сар бурд, сапедӣ надошт, ки ҷурғот хобонад – шир мехўраду атола, гандумро дар шир меҷўшонд, кўмочи башир мекард... лекин гўсола гов нашуд, ки ҳамроҳи хар ҷуфт бикунад...
...Ва як рўз аз деҳаи рўбарў харе ҳанг зад ва сари бораи Зарафшон намоён шуд. Қурбон гўё ки чизи гумкардаашро дарёфта бошад, хеле ба он ҷониб нигарон истод ва дар замираш як фараҳ ҷой гирифт. Дуру дароз дида аз он сў наканд, ки соҳибдор бошад, аз пайи хараш меояд, вагарна кару гунг барин дар ин мулки бесоҳиб ваҳшӣ мегардад. Касе пайдо нашуд, ки хар ҳам дур нарафт:
«Беҳ-беҳ!» – садо кард мард, вале хар нашунид. Қурбон харро аз оғил бароварда, ба ишораи даст хари сари бораро нишон дод:
«Мебинӣ, дар сари ҷар, хари сиёҳ... Ҳар, ҳар, ҳар!» Ба ангезаи ў хар як-ду ҳиқ-ҳиқ кард, вале мароқи ҳанг задан надошт. Муроди Қурбон ин буд, ки хар ҳанг занаду он хар шунида ояд ё худаш рафта онро дошта оварад. «Овардан лозим, соҳибдор бошад ҳам, овардан лозим, вагарна ба кишт дер мешавад...» Аз рўйи тахмини ў имсол барфи зиёде рехт, замин хуб дам гирифт, замини гардондаашро хунук зад, бояд ҳосили хуб шавад, барои ин меҳнат кардан лозим.

пешина
аз 393
навбатӣ