Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даро, чоят кунам... Даро, аз хонаи мачойӣ даҳани хушк рафтан зеб надорад... Шаш моҳ ҳай, ки рангу рўйи одама надидиям, чашмам ҳам нағз намегузарад... Аз Деҳманора мешам гуфтӣ?
— Ҳо.
— Аз Деҳманора, ки бошӣ, писари киӣ?
— Писари Амирбек.
— Додот ҳаян, очат ҳаян?
— Не...
— Э ту ба ман писартағо мешудаӣ-э, даро-даро...
Пиразан ҳарчанд қоматашро рост карданӣ мешуд, аммо қолаб гирифтагӣ барин миёнаш рост намешуд. Ў пўстак кашола карда, дар равшании дами дар андохт, ҳамон зайл – долсурат дастархон, дар коса ҷурғот оварда назди ў гузошт, вале нанишаст.
— Чой лозим не, оча, ҷурғот ҳаст, бас... маълум, ки гов доред.
— Ҳай, баччам.
Қурбон хост, ки тарзи зиндагии худ ва гов доштану сапедӣ надоштанашро гўяд, аммо худдорӣ кард, лекин мақсади асосиро гуфт:
— Ба ман хар лозим, оча.
— Хар? Ҳезум меравӣ?
— Не. Ҷуфт меронам.
— Ман хар надорам, лекин як хари сиёҳ мегардад, намедонам, ки хари кӣ, рўз пайдо мешавад, шаб ғайб мезанад, ба хаёлам ҷойи хобаш – роҳи зеризаминии Ярм, медонӣ-а? Ба ҳамун роҳ наомадӣ?
— Не, ба адир.
— Ба ҳамин роҳ равӣ, меёбӣ... Гандум дорӣ, ҷав дорӣ?
— Гандум... Лозим?
— Агар зиётӣ бошад... Боз хабар бигир, хара, ки бурдӣ, аз он сў ҳой гў...
Қурбон аз роҳи зеризаминӣ гузашт, аммо харро пайдо накард.
Лаби рўд фаромад, ки илоҷе карда аз об гузарад, вагарна ҳанги роҳи дуру дарозро надорад. Қад-қади рўд боло рафт ва чашмаш ба дарахте афтид, ки об оварда, миёни рўд хобонда буд, хост ба болои он гузарад, аммо аз ин тараф пой гузоштан имкон дошту бар он тараф на, барои ҳамин боз роҳи дарозро паймуд ва чун бар дари хонааш расид, ҳам шод шуд ва ҳам ҳайрон, ки чӣ зайл хари Сиёҳ пештар аз ў ба ин ҷо расидааст. Сиёҳ бар дари оғил гўш медод ва бинӣ меафшонд ва ҳамин ки одамиро дид, гурехтанӣ шуд. Қурбон, ки чунин нақд аз даст додан намехост, тоқӣ бар кафи даст гирифта ва сўйи хар дароз карда «беҳ-беҳ!» гуфт, вале Сиёҳ аз ў хўсида гурехт ва пушти оғил шуд. Қурбон аз паси вай рафт, Сиёҳ боз гурехт, ў дигар илоҷ надошт; баргашта аз оғил Бўрро баровард ва каманд аз гардани он нагирифта, паси оғил гузаронида дар нўгчўбии оғил барбаст ва ангезиш дод, то вай ҳанг занад: Бўр ҳанг зад.

пешина
аз 393
навбатӣ