Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа... Гандум овардам, – халтаро дароз карда гуфт Қурбон.
— Э боракалло...
Пиразан хест, ки ўро ба хона хонад, аммо Қурбон рад кард.
— Харро нав ёфтам...
— Ёфтӣ?
— Ҳа, оча, ҳеҷ чиз лозим не, каме ҷурғот диҳед, мешавад...
— Ҷурғот?.. Э пешмаргат шавам, наход ҷурғот аз ту беҳ бошад...
— Барои испедӣ.
— Ҳаа, дар қадамот ҷонум!
Қурбон ин дафъа ҳам суханро дароз накард: «алами ўро тоза кардан чӣ лозим?» Дар дўлча испедӣ гирифт ва баргашт. Харро боз аз роҳи зеризаминӣ гузаронд ва полони Бўрро гирифта, дар пушти Сиёҳ зада, савор шуд ва аз нўхтаи Бўр кашид. «Акнун зўрро бинам, ки чӣ кор мекунад!», ба Сиёҳ гуфт ў ва пошна зад. Сиёҳ ҳоло ҳам итоат намекард, метавонист, саворро афканда мегурехт, аммо илоҷ надошт, нўхтааш торафт таранг мешуд: «Ба ту нишон медиҳам, ҳайвон!»
Сиёҳ дар фарози гирдгашти Роғ дамгардон шуд. «Мурӣ ҳам, намефароям. Ин чӣ? Нафасгардон шудан дар пеш». Сиёҳ бозистод, қадам назад. Қурбон фаромада аз нўхтааш кашид... Сиёҳ пеш нарафт, сар мекашид, то каманд аз сар афканда, гурезад, аммо мардак, ки феъли харонро медонист, ба чунин ҳаракатҳои вай фирефта нашуда, нўхтаи онро маҳкамтар медошт; ба Бўр чандон аҳамият намедод, ки вай ҳоло одамгурез нашудааст, ҳайдав кунад ҳам, аз пасаш рафтан мегирад, аммо Сиёҳро сахттар бояд дошт:
«Их! Муғамбирӣ накун... Ё пўстатро канда отанг мекунам, ё силу зардобам мекунӣ... Туро кор мефармоям, гуфта, як умр ҷилав намекашам, ром шав, ҳайвон! Ваҳшӣ шуда, бенўхта гаштаӣ! Их!
Ҳангасат гўши фалака кар мекунад, лекин як фарозака баромада наметавонӣ, муғамбир... Их, мегўм! Йеми гург нашудӣ, шукр бикун. Их-э!» Кашидаю кушода ба гардани Сиёҳ халачўб зад, ҳайвони безабон пеш аз ин бар сар халачўби зиёде хўрда будааст, ки гўш хобонда, сар ба зер афканд ва ҷувозак гаштанӣ шуд, ки ресмони дар пордумаш баста халал расонд; ресмони хари Бўр. «Хаёлат, ки полонро боз канда, бар пушти Бўр мезанам, нее, хотиратро ҷамъ дор, медонам бо ту чӣ кор кунам...»
... Ва ҳамон корро кард: баъди задаю кўфта то Деҳманора овардан каме пеши ҳардуяшон беда партофт, ресмонҳояшонро кўтоҳтар баст, то ба якдигар расида натавонанд, сонӣ сари замин рафта, юғу тиру омоҷи тирамоҳ дар он ҷо гузоштаашро хабар ва отангу гавронаи дар дорбоми оғил ниҳон кардаашро гирифта ба сари харҳо рафт ва сар афшонда фаро расидани соати корнамоиро ишора кард: «Ана акнун ҳунаратро нишон медиҳӣ, зўр маълум мешавад».

пешина
аз 393
навбатӣ