Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мағфиратро хомўшакҳо бедор карданд. Вай дасту сару рўяшро молиш дода, ба берун нигоҳ кард. Чизеро надид. Нафаси озоде бароварду боз мижа ба ҳам баст. Нашуд. Аз таъқиби хомўшакҳо халос хўрданӣ шуда ба замин фаромада қадам зад.
Садои атса омад. Як қад парид.
Рахим сулфаи ҷавобӣ доду чароғи мошинашро гиронд. Мағфират мошинро шинохта:
— Раҳим-ака?! – гуфт. Ҷавобе нагирифт.
— Кӣ вай?
— Натарсед, ман, – худро нишон дод Раҳим.
— Маро заҳракаф накунед...
Раҳим чизе гуфта натавонисту рўй ба нури чароғ гардонд.
Мағфират пеш омад.
— Раҳим-ака! – пичиррос зад ў.
Раҳим худро ба нодонӣ зада, сулфид. Нигоҳи Мағфират ба сару гардани Раҳим чун прожектор сайр мекард.
Мағфират наздиктар омада суханашро такрор кард:
— Раҳим-ака!
Раҳим рўй гардонд:
— Гап задед?
Чашмони меҳролудаи Мағфиратро ҳаё пахш кард ва суханаш дар гулўяш гиреҳ зад. Барои он ки худро аз даст надиҳад, аз паҳлўи ў гузашта назди мошин рафт ва чароғашро хомўш карда як ба моҳтоб нигаристу ба зинапояи мошин нишаст.
— Монда шудед? Камтар шинед, Раҳим-ака...
Раҳим назди тўби пая рафта ба пушт дароз кашид. Тўби пая болишти пар барин фурў нишаст.
Моҳ ором менамуд. Раҳим дасташро таги сар гузошта моҳро тамошо кард. Вале баъди фурсате пеши моҳро тасвирҳои аҷиб гирифтанд.
Боз завҷаи меҳрубонаш, ки ҳангоми ба ин ҷо омаданаш «Хайр, комсомол» гўён бо табассум гуселаш карда буд, намоён гашт. Ҳоло ў ҳам дар кадом бошишгоҳе ҳамроҳи ҳамдиёронаш хобидааст ва ё чун одат дар шаби маҳтоб дарав карда истодааст, ё назди духтарчаи фатиламўяш, ки акнун қадам мепартофту ангушт ба даҳон мезад, нишаста алла мегўяд.
Раҳим чанд бор паҳлў гашт ва қариб ғелида рафта буд. Хобаш парид, фикрҳои гуногун ўро тала мекарданд. «Чӣ хел фаҳмонам, ки зану бачча дорам?»
Вазнинтарин соат он аст, ки кас ба саволи худ ҷавобе наёбад.
Дар зиндагӣ ҳама чизро чашм доштан мумкин аст. Зиндагӣ косаест лабрез, муҳаббат дарёест шўрангез.
Раҳим якпаҳлў гашт. Ҳамин дам ба назараш боди сабуки фораме вазиду кокули духтарчаашро алвонҷ дод, ў табассумкунон наздик омад ва «авва» гўён аз рухсораи падараш бўсид.

пешина
аз 393
навбатӣ