Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Парвона, боз ягон баччаи синфамонро дўст надошта бошӣ?»
Ғамгин мешавам, хона омада мегирям. То аз кор омадани модарам мегирям ва ашки чашмонамро хушк карда, мунтазири дарвозаро кушодани ў мешавам.
Дарвоза садо мебарорад, садои раъдро мемонад, чунон ки ба дарвозаи оҳанин кўба мезада бошанд. Медонам, ки ин кори модарам не, аз ҷоям намеҷунбам. Инҳо баччаҳои шўху беодоби гузар.
Бемардина будани хонаи моро дониста ҳар гуна нағма мекунанд ва садо мебарорад дарвозаи тунука, ҳамчунон ки ба рўйи пардаи тунукаи осмон бочкаи холӣ ғелонда бошанд. Баччаҳои беодоб дарвозаро мекўбанду мекўбанд ва ҳавсалаашон пир шуда мераванд.
Пасон ман ин чизро ба модарам мегўям, ў ҷавобе намедиҳад. Боз ба хаёл меравад, зону оғўш мекунад ва кадом вақт ки феълаш фаромад, мегўяд: «ҳоли хонаи бемардина ҳамин»
— Охир, чаро отамро биё, намегўйӣ, оча?
— Отат пеш-пешу ту аз пушт, отадор!
Медонам, ки ба ў ҳарф задан фойида надорад. Ба хона медароям ва кўрпа ба сар кашида мехобам, то касеро набинам, чизеро нашунавам. Арақ мекунам, метафсам, нафасгардон мешавам.
Бардошта мешавад кўрпаи рўям. Ҳавои серун мерасад, нафасам меояд, ҳаловат дорад, аммо чандон эҳсос намекунам, ҳушу ёдам ба модарам, ки чӣ рафтор мекунад, чӣ мегўяд. Дастмол мекунад сару рўямро. Дароз мекашад ба паҳлўям, рў ба рўям мениҳад.
Гумон мекунам, ки чизе мегўяд, ё маро дилдорӣ медиҳад ё аз боби падарам сухан мекунад. Хомўш. Ҳамон зайл хобаш мебарад ва ман андеша мекунам: ҳама рўзҳои бо падар доштаамонро пеши назар меорам. Дер меомад ў, намеомад ў. «Кори духтурон чунин, шабҳои навбатдорӣ зиёд, мегуфт ва клова мекард, ки пулаш зиёд ин корро.» Вале мо чизе намедидем; ў аз модарам пул мегирифт, матоъ мегирифт, ки зодрўзи ин ё он коргарамон аст ё зани роҳбарам ба панҷоҳ даромада. Мо бовар мекардем ба ў, вале модарамро ба мавридҳо ҳамроҳ намебурд, танҳо мегашт доим.
Бедор мешавам, ки модарам бўй мекашад маро, вале чашм намекушоям. Дурудароз мебўяд ва қатраи ашкаш ба рўям шорида, мехезад. Кўрпаро мекашад то гулўям ва оҳиста аз дар берун мешавад, то бедор нагардам.
Ман бедор, тамоми шаб хоб накардаам, чӣ нафас кашидани модарамро медонам, оҳро мемонад нафаскашии ў. Меҷунбад, паҳлў мегардад ва қад-қад мепарад. Роҳату фароғат надорад модари ман. Худованд барои азоб офарида ўро.
Дарвоза сахт садо кард, садои раъдро мемонд, ташвишомез буд. Модарам банд буд, ман дарвозаро кушодам. Очаи Карими шарикдарсам буд.
— Очат-ку?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо