Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Вай гумон кард, ки бахшаш ва агар нисфи кўмоҷро ба ў диҳанд, то зинда аст, онро мехўрад: як мағзрезаашро ба даҳон меандозаду мемакад, сонӣ бўй мекашад ва ҳатто даст ба нон расонида бўй кашад ҳам, сер мешавад. «Рост мегўм, Мустафо, ё ҳаққи маро деҳ ё орди боқиро монда рав!»
— Гир нон хўр, ҳушат куҷо рафт? – ҳолати ўро дида гуфт Мустафо.
— Сер шудам.
— Чӣ хўрдӣ, ки сер шудӣ?
— Сағир ба бўяш сер.
— Баракс; сағир ҳафт ишкам дорад, мегўянд-ку, ё мехоҳӣ, ки ҳаққатро ҷудо карда диҳем?
— Майлатон.
— Ана нон, ана дастархон, дилаш кашад, хўрад, – шарик шуд амаки Қурбон.
Нон дар комаш часпид. Сухан гуфтан намемонд...
— Мустафо, орду нони мана те, дигар ҷо меравам, – яке аз даҳонаш баромад.
— Чӣ хел орду нони ту? – оташ гирифт амаки Қурбон. – Аз хонаи додот овардӣ? Ман ҷояшро гуфтам, ту кабк додӣ, Мустафо овард – ба ҳамаамон баробар.
Бозор дароз шуда пораи нони мондаро гирифт, ба бағал зад.
— Ин бачча бўю хўйи хирсу хукро гирифтааст... Дониста мон, ки ҳеҷ одам ҳайвон нашудааст. Ҳазор сол дар кўху беша гардӣ ҳам, боз аз рўйи ақл кор мекунӣ... Ту ҳам, агар бошад, ақлата кор фармо. Ҳайвонсурат гаштан фойида надорад. Ҷомаат ҷанда шудааст, чоруқат ғалбер гаштааст... Хайр, имшаб шикамсерӣ хўрдем, дигар ин хел намекунем. Дар дунё ҳама мо барин гушна не; орддор ҳам бисёр, пулдор ҳам. Минбаъд ордро сарфа карда мехўрем. То анҷоми ҷанг мерасад... Баъд ба деҳа меравем.
Онҳо ба дараи Майкада гузаштанд. Ду рўз болои ҳам дар ҷелаи онҳо кабк меафтиду дар ҷелаи Бозор на. Амаки Қурбон гап баровард, ки шикори миёна тамом, – ҳар кас доштагиашрр гирад.
Ба ҷелаҳои Бозор банд афтидагӣ барин як ҷўркабк ба дом омад.
Бозор дид, ки онҳо ўро аз ҳисоб бароварданд, ҷелаҳояшро даста карда, ногумон ба гарданаи шахи Тангно рафт. Ҷела кашид... Бегоҳ боз хабар гирифт. Дар як даста ҷелае ки гирди шибар кашида буд, ёздаҳ кабк афтида ҳама ҳаром шудаанд. Дар ду дастаи дигар понздаҳто, ки дутои он низ ҳаром шудаанд. Кабкҳои зиндаро бо теғаки Мустафо дода дар ҳалқаи ҷела сар бурид, то ҳаром нашаванд. Ва ҳалолро ҳалолу ҳаромро ҳаром ҷудо-ҷудо даста карда, зери барфи соярўйи шахчае гўр кард.
... Боз ду савор омаданд. Дигар ҳоҷати гурез набуд. Буд-набуд ҳамраҳонаш овозаи зинда будани ўро мебаранд ва агар ҳоло Мустафо нагуфта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё