Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Намоишчиён, ки шуморашон чандон зиёд набуд бо роҳрав рафта, ҷониби Қасри Ҳукумат гаштанд ва дар зинапояи он қарор гирифтанд. Пасон сухан гуфтанд аз иқтисоди ҷумҳурӣ ва арз карданд, ки сарварони ҷумҳурӣ аз ўҳдаи роҳбарӣ набаромаданд. Ин намоиш чандин вақт қабл дар пойтахт рух зада буд ва ба воқеаҳои баҳманмох робитае надошт, Воқеа чунон дар кино пайваст шуда, ки дўш намоиш буд ва рўзи дигар ҳуҷум шуд ба Қаср. Даъвои намоиши рўзи аввали Баҳманмоҳ даъвати котиби аввали ҳизби коммунистӣ назди мардум буд. Котиб набаромад.
Намоишчиён мўҳлат таъйин карданд: бисту чаҳор соат, фардо дар ин соат котиби аввал бояд назди халқ ҳозир шавад ва арзи мардумро пурсад...
Намоиши рўзи дигар чунин буд: майдон пури мардум. Қатори милиса пеши роҳи эшонро мегирад. Даруни Қаср пур аз сарбоз.
Ва телевизион чизеро намоиш медод, ки мехост. Ҳуҷум шуд ба дару тирезаҳои Қаср. Сангандозиро нишон дод, бардошта бурдани як милисаи даҳманиро, ба майдон даромадани автобуси зардро, вале тир зада куштани ронандаи автобусро нишон надод, мурдани Маҳмудро нишон надод, дар ошёнаи баланд тир хўрдани филмбардори ленинградиро нишон надод ва бисёр чизҳоро, ки мо шунида будем, медонистем. Садои тир омад, тир хўрдану афтидану фавтидани ҷавонписарон пеши назар наомад.
Дўконҳои сари роҳҳо оташ мегирифтанд, мошинҳо месўхтанд, ба гашти мошинҳо роҳ набуд. Фавтидагон ва маҷрўҳонро дўстон аз чаҳор дасту пояшон бардошта мебурданс. Садои гўянда меомад: ин кори авбошон, ифротиён. Котиби аввал аз даруни кадом мошини «зиреҳпўш» микрофон дар даст ба халқ муроҷиат мекард. Тўда-тўда мардум ғавго доштанд. Намояндагонашон сухан мегуфтанд: яке инсоф талаб мекард, дигаре ба оромӣ мехонд... ва яке овоза шуд, ки сарварон хоҳиши халқро ба инобат гирифта, розӣ шуданд, ки ба истеъфо бароянд. Вале ба ҷойи ҳақиқати ҳол ластгир кардани «авбошон»-ро нишон медод ва рақси фардеро, ки киву чӣ буданашро кас намефаҳмид: садо кардаву рақсидаву хандида санг меандохт, вале ба ҷое расидани сангаш маълум набуд.
Ҳоле буд бесару сомон...
Ва ман бисёр мехостам, ки Маҳмудро бинам. Намоиш тамом шуд ва саҳл монд, ки дод зада ба хона дароям. Вале чунин карда натавонистам, ба хона надаромадам. Дар ҷойи нишастаам дод задам:
«— Маҳмудро нишон надод, оча!»
На, хаёлӣ будааст фарёди ман. Дод зада натавонистам. Балки беихтиёр дари очамро кушодам. ки ин матлабро гўям. Кушодаму пўшидам дарро. Очам пойи «бемор»-ро мемолид ва зуд ин корашро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо