Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Марҳамат! – носкадуро дароз кардам ба ў.
Вай хандид. Ман гиристам. Аламам омада гиристам, ки ў маро писари Раҷаби неконӣ не, мегўяд.
— Дидӣ, дидӣ? Нагуфтам... Ман медонистам, медонистам, ки ту ба вай нарафтаӣ. Писари ў мебудӣ, ҳоло даҳ бор говатро рўйи тарозу меовардӣ.
Акнун амаки Юсуф ба ман нигоҳ карда сухан мегуфт. Вале ман ором намешудам. Намедонам, ки падарам маро барои имтиҳон фиристод. Ва ё барои омўхтану донистани хислатҳои ҳамин одам.
Амаки Юсуф хомўш ҷониби гови мо рафт. Ресмон кашида овард. Болои тарозу набароварда, ғавчўбро тела дода, дарун карда ва боз ғавчўбро пўшид, ки он тараф молхонаи деворгирифта бошад, вале он тараф низ дашт буд ва амаки Юсуф ғавчўбро барои тасаллии дили хеш сохта буд, ки моли қабулкардаро аз моли дигарон фарқ кунад. Дар ду канори ғавчўб ду ходаи дароз гузошта буданд ва моли қабулшуда ҳатман бояд аз пайи кушодаи ғавчўб мегузашт. Говон он тараф гузашта чаро мекарданд, ҷойро бегона медиданд ва ҳамроҳонро ноошно ва баъд ба ғурру фиш медаромаданд, шох ба шох мешуданд, буққачаҳо аз як сар говонро бўй мекашиданд, баъд говон ба умеди гиёҳи сабз пеш мерафтанд – ба ҷониби рўдбор. Амаки Юсуф медонист, ки дур намераванд, гум намешаванд, бепарво буд. Дастёре ҳам надошт, ки сари говонро гардонад.
Амаки Юсуф гови маро даруни ғавчўб ронд. Ғавчўбро пўшид ва сари мизи ба болояш як пора алвон партофта омад. Квитансия навишт ва хомўш ба ман дароз кард. Нагирифтам. Тоқиашро аз сар гирифт, квитансияро даруни тоқӣ гузошт, пўшид. Бо ман «ҷангӣ» шуд. Бо дигарон муомила мекард:
— Гови атолахўратро ҳай карда бар! – рў овард ба марди тарсу, ки сангпуштвор гардан даруни шонаҳо мекашид ва ба марди дигар рў овард. – Ту донӣ худо, ба говат кунҷора дода, оби зиёд хўрондӣ ё не?
Вай одам безобита шуд. Худ ба худ аъзои баданашро меҷунбомд; китфак мезад, вале ҳарф намезад. Зуд-зуд мижа мезад, лаб мелесид, бинӣ мекофт, гўш мекофт, бинӣ мекашид, ба нўги остин пок мекард, чизе гуфтан мехост, аммо дар гулўяш ғамбода дамид ва ба назар ҳар тори ришу мўйлаби зардаш ҷудогона меларзид ва абрўвонаш банавбат ҳаракат мекард. Ҳама ба ў нигаристанд.
Мисли паррандаи дар гулўяш чизе дармонда гардан ёзида чизе гуфтан мехост, аммо наметавонист..
— Ба худо андохтам-а!
— Ҳа... ҳамин хел... – Даст ба гардан бурда гулў молида, боазоб посух дод марди зардина.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо