Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ў пешопеш ман аз пас ҷониби пиллаҷо мерафтем, хомўш мерафтем. Афсонаҳои бобому бибем ёд меомад: дев, парӣ вайрона, чордевор ё ғорро пеши назарам меовард.
— Дер шудааст, офтоб қариб шинад... – худ ба худ мегуфт ў ва ман даҳон пур мекардам, ки диламон ба бедор кардан нашуд, гўям, худдорӣ мекардам ва қарор додам, ки то худи амаки Юсуф напурсад, чизе нагўям.
— Вай бояд бедор мекард, – рў тофта ба ман гуфт ў.
— Чанд бор ба дар омад. Аз ман хоҳиш кард. Дилам нашуд...
— Дилам нашуд... Кор дил дорад? Кори ҳукумат, кори давлат!
Ғафлат кардан лозим не!
Ман ният мекардам, ки аз ў пурсам, арўсак кист? Аммо ў бо ҳар гуна суханони ба давлату ҳукумату сиёсат вобаста дами маро дарун мегардонд... Тез мегашт, қариб медавид...
Одамон гирди тарозу омада буданд. Ҳар кадом шохбанди говашро медошт. Вале дуртар аз онҳо ба замин нигоҳ карда намешуд... Амаки Юсуф ба одамон эътибор надод, балки ба замин; ба гирду атрофи тарозу ба говони шикамашон фурўрафта нигариста заҳрханда кард ва ғавчўбро кушод.
— Ҳай кунед говотона!
Ҳама ҳайрон буданд. Мўйсафеде одати ўро медонистааст, ки шохбанди говашро кушода, аз ғавчўб дарун кард ва пеши амаки Юсуф омад:
— Чанд пуд мегўед говатона, амак?
— Худат медонӣ, баччам!
— Худам донам агар, ҳашт пуд, ин мешавад як саду сӣ кило...
— Андаке зиёд намекунӣ?
— Ана як саду чил кило!
— Барак ёв!
— Гови ман шонздаҳ пуд, раис, – як марди фўкчухт пеш омад.
— Говат шонздаҳ пуд бошад, қафо биист, дар ин обрав ҳоло ин хел гов пайдо нашудааст... Моли сарзамини сахт калон намешавад, ҳаминро медонӣ? Қафо биист. Ту биё, ҷўра! Чанд мегўйӣ?
— Худатон як чиз гўед!
— Баробари гови мўйсафед мебарояд?
— Камак зиёд кунед!
— Рав, саду панҷоҳ кило!
— Гиред!
— Савдо ана ин хел мешавад, дар таги биниат бўй гирифта мегардӣ?
Як муомилаи амаки Юсуфро пай барам, дигарашро пай намебурдам, ҳушу ёдам ба арўсак банд буд. Имшаб ў намеоям, гуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо