Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Кӣ лозим ба шумо? – аз оғил сар бароварда пурсид Умарбек,
— Шумо лозим, Умарбек... Ҳама бор карда шуданд, шумо мондед, мошинҳо нигарон.
— Бор карда шуда бошанд, рафтан гиранд, ман ҳоло молҳоро кушта – сар бурида нашудаам.
— Ба чӣ мекушед молҳоро, Умарбек?
— Ба кӣ монем, акои мулло Сафар? То гург хўрдана кушем, хуб нест?
— Кори хуб намекунед, Умарбек, молҳора чўпон пеш-пеш карда мебарад,
— Не, акои мулло Сафар, баъди сари ман хоҳ офтоб барояд, хоҳ не. – Корди хунинро, рўйи ҳавлӣ партофта ҷавоб дод Умарбек ва дари афтидаву Сайфуллои берун омадаро дида ҳайрон шуд.
– Тарсидӣ, бачча?
— Не... Хобам набурд, баромаданӣ шудам... Андаке тела дода будам, ки дар афтид, амонат будааст.
— Амонат... Дар ин дунё кӣ амонат неяст? Ҳама амонат...
Лекин ту тарсидӣ... Боз ман туро интихоб кардаам, дилу гурда дорӣ, гуфта... Маззаат набудааст...
— Охир овозатон набаромад, кўч бор карданатон маълум набуд...
— Ваъда дода будам, ки моҳтоб барояд, кўчро бор мекунем...
Дидӣ, моҳтоб нав сар мекашад.
Умарбек ба дари парида аҳамият надод, ба мулло Сафару Сайфулло ҳам чизе нагуфта ҷониби хонае, ки зану фарзандонаш хобида буданд, рафт. «Хезед!» – фармуд ў. Зану духтараш тохта хестанд, аммо писараш нахест. «Аҳмадбек, хез!» Аммо писар худро ба хоб мезад ва ё бедор намешуд.
— Хез мегўм!
— Ҳумм.
— Вақти ҳумм неяст, хез!
Вале писар сар печид. Падар кўрпаро аз рўйи ў дур андохт.
Аҳмадбек дастонашро каф ба каф гузошта, байни ронҳояш ҷо кард, ки хунук мехўрда бошад. Падар ўро озод бардошта рост нигоҳ доштан хост, вале ў ҷуволи холӣ барин майли ба замин хамидан дошт. «Рост ист!» афшонда мегуфт падар, аммо ў масти беёд буд. «Хурду калонро ҷанг андохта метонӣ, рост истода наметонӣ?!» Ў писарро болотар бардошта боз афшонд, то бедор шавад. Ё хоб ширинӣ мекард ва ё рафтораш дурўғин буд, ки бедор шудан намехост. «Рост ист!» болотар бардошту ба замин мезадагӣ барин дастонашро суст кард, то писар ҳаросида бедор шавад, аммо писар ё писанд намекард ва ё гумон дошт, ки падар ўро ба замин намезанад, лекин падар ўро ба замин зад: бар қадаш боло бардошта, сари даст дошта афшонд, афшонду афшонд, ў бедор нашуд ва баъд ўро ба замин зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор