Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Оташбасари мисли кўҳи азим тануманд сўйи мани кўчак даст дароз кард. Очаам чунон садои талху сахт бароварда парвоз кард, ки ман мот шудам. Оташбасар даст дароз карда, маро ба каф гирифт. Гумонам, ки очаам барои маро доштани ў чунин рафтор карда бошад. Вале очаам чандон дур нарафт. Ба сари харсанге нишаст ва ҷонхарош «қиғ-қиғ!» кард. Мани майдаяк ҳамчун ҷон дар кафи Оташбасар фишор мехўрам, ҳамчун ҷони очаам. Оташбасар маро тамошо мекард, вале чашми ман ба очаам буд. Бадқаҳр метофт: пўпии тори сараш боло шуда, гарданаш мисли мори сарбардошта ёзида буд. Ман мефаҳмидам, ки очаам чӣ мегўяд, вале Оташбасар онро намефаҳмид. Яқин тахмин мекард, тахмин мекард, ки очаи зор чӣ мегўяд; «Афсўс, фурсат нашуд, ки ба шумо ҳама чизро гўям, фаҳмонам. Гурезед! Пинҳон шавед!..»
Ў маро ба бағалаш андохт. Ҷаҳон пеши чашмам тира шуд.
Тафси бадани Оташбасар ба баданам расид, қариб маро месўзонд.
Дунё танг омад, чунон танг, ки нафасам гашт. Дили хурдакам ба бозӣ даромад, вақти ба каф гирифтанаш ҳамин хел бозӣ мекард, ҳангоми аз сари санг сурудани очаам каме ором ёфта буд, боз ба тапиш даромад. Дилам беҷо шуда, оби хўрдаам аз даҳонам меомад.
Оташбасар инро пай бурд ва ё гумон кард, ки ман баданашро ифлос кардам, боз маро аз бағалаш гирифта, танашро даст-даст карда дид ва маро аз нав ба бағал андохт... Ҳама ҷо хомўш, ором. На садойи очам меомад ва на оташи сари ў менамуд. Ман дар қаъре будам, ки ҳатто худамро намедидам. «Чу-чу!» садо баровардам, ки шояд додрасе пайдо шавад. Ҳайҳот... Дар чоҳ будам, лекин дар чоҳи ҷунбон, вай ҷунбида-ҷунбида пеш мерафт. Хаму рост шуда, чизеро меҷуст. Шояд ёрони маро ҷўяд, шояд дасти дарозашро ёзонда, онҳоро гирад. Ман тахмин мекардам, ки ҳар бори хаму рост шуданаш яке аз ҳамтанони маро наздам меандозад, вале ў ҳар бор даст дароварда, маро хабар мегирифт, ки мурдаам ва ё зинда. Лекин намедонам чӣ хел мефаҳмид, ки ман зиндаам. Шояд аз сари по истоданам бошад. Ё бадани гармам гувоҳӣ диҳад, ки зиндаам. Ҷунбиданҳои ў дер давом кард, баробари он дили ман бозӣ мекард, ки ана-ана яке аз ҳамтанони маро ба кафи азимаш гирифта, дар ин чоҳи торик меандозад ва ў низ аз озодӣ маҳрум гашта, мисли ман «чу-чу!» мекунад.
Ў монда шуд, ки нишаст, оҳи вазнин кашид, хастагиашро рафъ кард ва даст дароварда, маро аз бағал баровард. Нафаси тоза гирифтам. Бадани Оташбасар бўй мекард, дар ҳавои тозаи кўҳсор ин бўй ба машом бад мерасид. Барои аз он хонаи бадбў бароварданаш шодӣ мекардам. Ва боз аз он шод будам, ки ў ҳозир маро тамошо мекунад ва мебинад, ки гўштам кирои хўрдан намекунад, сар медиҳад. Ба ин.маънӣ даступо мезадам, ки раҳо кунад. «Чу-чу!»
Ин садоям ҳам илтиҷо буд барои ў ва ҳам барои очаам, ки инро шунида огоҳ шавад – ман сиҳату саломатам. Гумон доштам, ки очаам овози маро шунида, садо медиҳад ва Оташбасар илтиҷою зории ў ва беқарории маро шунида, тифлаки бегуноҳро рўйи кафаш медорад ва ман парида, не, парида не, ҳоло сихпарҳои ман парвозӣ нашудаанд, беҳтараш, аз кафи ў ҷаҳида мефароям ва зуд худро дар паноҳгоҳе ҷо карда, сонӣ, баъди рафтани Оташбасар ба ҷустуҷўйи дидори очаам медароям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё