Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба тасдиқ сар андохт.
— Агар донӣ, хуб. Акнун биё, оташро даргирон!
Бо вуҷуди ҳамин қадар шиносоӣ наомад. Хасро гузошту пас рафт.
Оташ афрўхтанӣ шудам. Хас як вағғиду мурд.
Ў боз хас овард. Наздик омад. Хасро аз таки ҳезумҳо ҷо карда, гўгирд хост. Аввал даст ба салому ошноӣ дароз кардам. Вохўрдӣ кард ва кибрит гирифта оташ дардод. Хас боз вағғиду як чўби хушк оташ гирифт. Ман табассум кардам, ў низ...
Ба киву чӣ будани ў коре надорам. Вале асрори гўши буридааш ором намегузорадам. Пурсиданӣ шуда даҳон нимвоз медорам. Боз мепўшам, то малўл нагардад. Зеро базўр ром кардамаш. Саҳл чиз метавонад рамонад. Ў мебинад, ки зуд-зуд ба гўшаш менигарам ва лаб ба пурс кушоданӣ ҳастам, аммо чизе монеъ мегардад. Баробари нигоҳам даст бар гўши бурида мерасонад ва сар меандозад ба ҷойи чизе гуфтан.
«Ҳааа...»
Менигарад ба ман маънӣ кашида аз садоям. Дарёфта пурси нигоҳамро ва сар меҷунбонад. Ба гуфтан хомўш аст. Аммо дили маро гургон тала доранд ва мағзамро занбўрон лона карда ва забонам хоришак бароварда. Даҳон воз мешавад, то пурсам... аммо...
«Чизеро пурсиданиед...»
«На.»
«Ҳа мегўед, на мегўед, фарқе надорад. Ман медонам, ки ба ман коре надоред. Агар гўши ман солим мебуд, дар ду дунё ба ман кордор нашуда гузаро шуда мерафтед. Азбаски ман якгўшаам, таваҷҷўҳ мекунед. Ин асари воқеаҳои хунин.
— Чун?
— Дидед, чӣ ҳавасмандед? Коргари орган?
— На. Ба шунидани чунин қиссаҳо шавқ дорам.
— Менависед?
— Кам-кам...
— Яқин маро ҷуста омадед.
— На, бародар. – ба оташи афрўхта тахтапушт гардондам, то намаш парад. Борон монда, заҳри меғ сару рўй ва либосро нам мекард. – На, бародар... Ин чизҳоро навишта намешавад. Баройи донистани худам ва бойгонӣ лозим. Замоне ба кор меояд. Ману шумо ҳамин хел ҷавон намемонем-ку! Таърих ҳам чунин: замоне пир хоҳад шуд. Пасовандон таваҷҷўҳ хоҳанд кард, ки дар он рўзҳо сарбуридаҳо киҳо буданд ва каллабурон кӣ? Синабурон кӣ? Синаи модарро буридан пас... чӣ мемонад он тарафаш? Хайр, фурў намеравем. Аз ин варта баромадан муҳол.
— Шумо ҳам метарсед?
— На. Ман аз чизе наметарсам. Аммо биринҷам оббардор нест.

пешина
аз 393
навбатӣ