Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ларзид ў. Ларзааш ба д-он монад, ки пеш аз кореро ба вуқўъ пайвастан баъзе ҳайвонҳо кунанд. Чун хурўсе, ки пеш аз хурўшидану бонг задан бол афшонида омода гардад. Малиш китфон бардошт ва духтараки раҳо кардаро якбора бардошта ба хона даровард. Фарёду фиғони духтар гўши фалакро кар мекард: «Назрӣӣӣ!!!»
Додраси дигаре набуд Паривашро. Гарчӣ медонист, ки аз дасти ў чизе намеояд, дод зад, то дар дили ҷондоре раҳме бошад, ба додаш бирасад. Ҳайҳот... Малиши хуношом андарун даст ба зўрӣ зада буд ва агар лозим шавад, духтарро ба ду ним мекард.
Ў фарёди каркунанда мезад, дар берун Назрӣ чун қаҳрамонони афсонавӣ, ки занҷир пора карда ба мурод мерасида бошанд, зўр мезад аз дасти онҳо раҳо ёбад. Вале ҷуз силаву шатта насибае надошт. Ва боз зўр мезад, ки гўши хойида фурў бурдааш аз шикам бурун ояд ва ба рўйи ситамгарони асри навин туф кунад...
Малиши хандон аз хона буруномада заҳрханда кард бар Назрӣ:
«Қаҳрамон...»
Аз ҳама лату кўфту зарбҳо гаронтар ва ҷонкоҳтар буд ин заҳри забони Малиш. Назрӣ пиндошт таъна бар ў занад. Вале сангинтар амри тоза ва барои ҷавонписар ғайричашмдошт буд:
«Маг занед!»
Маънии «маг занед!» равшан буд Назриро. Аммо намедонист, ки киро.
Аз дарун Париваши нимҷони бефараро бараҳна берун оварданд. Хуни рону сонаш аён буд. Сараш овезон ба сони мурда.
Вале духтар аз шарму ҳаё сар андохта буд. Сўйи Назрӣ нигоҳ карда наметавонист.
Ҷавонписар низ дам ба дарун дошт ва фиғони осмоншикофаш аз гулў бурун намеомад.
«Маг занед!»
Ройсозе наздик омад ба Малиш ва ба гўшаш гуфт: «Ўро маг назан. Аз беҳтаринон будааст... Нигаҳ дор!»
Вале Малиш баланд гуфт: «Маро қаҳт нест... Инаш ҳам қатори пешинаҳо!»
Ва ҷаллоди ришдор, ки қадаш баробари болои Малиш буд, чунон ки аз гардани бузе ё баррае дошта, куштан баранд, этак кард аз мўйи духтар дошта. Мўйи парешонаш сарсинаву чочи ўро базўр шармшикан мекард, вале дигар ҳама ҷой бараҳна ва хунолуд. Духтар майли нишастан дошт, ки шармгоҳ ва олудагиҳои хунинро пинҳон дорад, аммо имкон намедоданд.
Корди фўлодии чашмбар, ки тезтар аз алмос метофт, ғаш ва ғазаби Назриро овард:
— Номусулмонҳо! Дар куҷойи шумо хуни тоҷикӣ ҳаст? Шумо қатаған ҳастед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор