Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳар бори хаёле ба худ омадан даст ҷунбонида, чашм кушоданӣ, даҳон воз карданӣ мешавад, наметавонад. Боз аз худ меравад, дунёро фаромўш мекунад. Гўшаш дард кард, вале даст ба гўш расонида натавонад; бори сангин пахш кунад. Пой ҷунбонд.
Сабуктар. Дарёфт, ки пасрў мехобад. Пой ҷунбонидан гирифт.
Пойи ростро боди серун расид. Сонӣ пойи чап ҷунбонду қат ба пушт кард, вале дигар узвҳоро ҳаракат дода наметавонист. Ҷунбиданист, мадор надорад. Нафасгардон аст. Зонуҳоро пеш кашида, зўри набударо кор фармуда аз зери бори гарон раҳо шуданист, лекин нарасад мадораш. Манаҳ ба зер тира карда, пойҳоро ёрӣ дода, боло шуданист. Бор гаронӣ дорад. Ҷунбиду ҷунбид кирмона ва гамбускона, аммо чени онҳо мадор надошт, ки вазни хешро бардорад. Пас хешро сўйи пойҳо кашид ва андаке сабук эҳсос кард. Талвосаи ҷон пас-пас рафт кучулавор. Гарчӣ мадор надошт, ҳар бори ҷунбида пас рафтан сабуктар мепиндошт борро. Ҳамин зайл фаҳмидаву нафаҳмида қиссаву кирдорро бурун аз хок омад, ҳавои тоза шамид; рўшноӣ надида, боз аз худ рафт. Ҳолатҳо ба ихтиёри ў набуданд, то хештан эҳтиёт кунад ва даст гираду илоҷи воқеа ҷўяд. Ҳамин қадар дарёфта буд, ки торикист...
...Чун ба худ омад, ҳанўз фазо торик буд ва ў бемадор. Ҳеҷ чизро намедонист ва дар куҷо будани хешро муайян карда натавонист. Тира-тира хаёлҳо аз пеши назараш гузаштанд; чиҳоеро зўр зада ёд оварданӣ шуд, ҷуз симои хунолуди Париваш чизе ба ёдаш намеомад. Торик, ваҳмангез, аммо даҳшатзотар аз қиёфа, амал ё амру иҷрои кирдорҳои Малиш чизе нест. «Ин ҷо бояд кушишгоҳи Малиш бошад... Болотар аз ҳавзи моҳиҳо...» Дигар андеша накард. Зеро нерўи фикр кардан надошт. Андешаи боло аз хаёлаш гузашт ва боз равзанаи андешаву хаёл баста гашт. Пойҳояш ҷон надоштанд, ки хезад ва дуртар аз ин мавзеи фалокатбор равад.
Аз дуру наздик шарфаи пойи ҷонварон меомад ва баъзан садои якдигарро озор доданашон. Гургон ё сагони ба одамхорӣ одаткарда бошанд, ўро саломат нагузоранд. «Ба ҳар ҳол онҳо аз Малиш бораҳмтаранд.» Ў чун тифли навпо ҷунбид, чорғов рафтанӣ шуд, то дуртар бошад аз ҳавзи хунин. Баракси рафтори тифлон ў пеш нарафта, пас-пас ҳаракат кард. Пошнаи пой тира ба замин дошта, даст муттако гузошта дунбасо пас мелағзид. То субҳ кораш чунин буд, вале дур рафта натавонист. Ба харсанге бархўрд ва хешро илоҷе карда паси он гирифт бо машаққати зиёд.
Аз дур чароғи якчашмаи мошине намоён шуд, ки ин ҷониб меомад. Омад то ҷое, ки андаке пеш ў ҷон меканд. Садои «Белорус»
кўҳро ларзонда сари гўри барқад канда бозистод. Ба тани нимҷони ў ларза даромад, ки ҳар кас оварда, ўро ба чунин ҳол партофта рафта бошад, боз хабаргириаш омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор