Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Буридагўш хуб медонад бузраҳаву рўбоҳраҳа, гурграҳаву хукраҳа ва кабкрезу одамгузарро. Вале ҳоло аз ин ҷонварон нишоне набувад ҷуз кабк, ки дониставу надониста рав гузарад ва рафтаҳо раванду мондаҳо монанд.
Андар миёни кўҳистон дараи Ёсро садои танку БТР ва мошинҳои сабукраву боркаш пахш кард ва мору сусморе, ки дар қарғу мағокҳо ва буни сангҳо ҷой доштанд, аз зилзилаи сохтаву ғайритабиӣ ҷой дар хафолҳо шуданд. Корвони серчангу дуд ҳавои тозаи мавзеъро ғажду макруҳ гардонида тиршап пеш меомаданд ва ҳадафашон барои Назрӣ торик буд. Ҳамин қадар аз дил гузаронд, ки барои сўзишворӣ меоянд. Зеро мардуми дурбин ва ҳолдон ва нақшакашида дар ин мавзеъ барои рўзи мабод зарфҳои бисёргунҷоиш сохта, сўзишворӣ пур карда мондаанд, бўстонсароҳо бунёд кардаанд; ҳолиё ғанимат мебаранд. Аммо роҳати ҳамаи ин чизҳоро Малиш бинад. Таваккалан ва беҳадаф тирборон кардани сангу харсанг ва хору буттаҳо безобитааш кард ва чун кабки тирхўрдаи нимҷон миёни сангчолу буни буттаҳо парчин шуд. «Маро...
Маро ҷўяд Малиш.» Ва пас-пас рафт даруни ҷангал. Ҷангале, ки то сари кўҳ тўл кашида ҷуз сайдгузар пайроҳае надошт. Ва ў чорғову синамол бо пайроҳаҳо болотар мерафт. Вале равшан набуд куҷо равад. Ба ҳар ҳол бояд дуртар равад аз бало. Дасту рўй, сару пойи бараҳна ва бозуи остинчок хуншор гашта буданд аз кандани шоху хорҳо. Ва гўши бурида дардмандтар гашта буду хунравон. Чун рўбаҳ, мисли заргўш тарсону ларзон, морсурат печу тоб хўрда байни гулхору бурсу мушаву фарку заранг, ҷо-ҷо лифтоку лух ва писта меомад ва ҳамаи онҳоро ё бо даст ва ё бо пой якбара карда мегузашт. Гоҳи убур пояш, дасташ, либосаш ба овшин, забудаву ҷанбилак ва шукуфаву сабзаҳо расида, накҳати онҳоро мебаровард ва омехта ба бўйи хоку бўйи беша таровату хушии кўҳистонро меафзуд. Дарахтон гулбасар буданд. Рў ба рўйи ҷангал лолаи ҳумро, ҳолмун ва ягон-ягон сияҳгўш худнамоӣ дошт. Ревоҷ панҷа паҳн карда буд ва мундала гул... «Ҳааа... Дар чунин айём-а, дар чунин фасл Париваш... Ай Худо! Ту чӣ гуна Офаридгорӣ?!.. Бубахш мани осиро... Ту гунаҳ надорӣ... Лекин чӣ лозим чунин Малишчаҳо офаридан? Олам зебо бошад, хуб нест? Ё тарозу ду каф бояд дошта бошад ва ҳарду дар як низому мизон биистанд? Худованд, бубахш маро! Мани кўрнамакро, ки аз дасти даррандаҳо раҳондиам... Акнун раҳ менамойиам, то расам ба ободон, ки додрасе ҳаст ё на?..»
Баъди хомўш гаштани садои «Калашников»-у «Макаров» ва боло рафтани корвони ғулғулафкан дараи Ёс орому хомўш гашт ва кабке аз он сў хонд, кабки дигар болотар аз ҷойи исти ў посух дод. Ин аз он буд, ки ё сайёде пайдо шуд андар кўҳсор, ё гурезае ва ё чизе ба онҳо халал расонд.

пешина
аз 393
навбатӣ