Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Бале, бачча... Натоз! Берухсат назди ў рафтан мумкин нест!
Вале бачча гўш накарда, гўши буридаро каф зада тохт сўйи генерал. Аммо дар нимароҳ бо автомат пешвозаш гирифтанд ва ў бозистод.
— Генерал! Генерал! Ман шуморо дар телевизор дидам! Ягон масъала барояд биёед, гуфтед! Мушкила баромад!
Генерал бозистод ва писаракро дида, ба ҷондоронаш ишора кард, то рухсат диҳанд.
Назрӣ то назди генерал омад ва як бор ларзиду гирист ва даст аз гўш бардошт.
Генерал ин ҷо чизе напурсид ва ҳамроҳ ба қабулгоҳ бурд.
Назрӣ либоси низомӣ ба бар тори БТР нишаста буд. Гўшаш бо гўшаки кулаҳ пўшида. Аз паси БТР ҷип меомад. Шарифободро гузашта андаке суръатро паст карданд. Хати сафар аз ин ҷо ибтидо мегирифт: ба Чўянгарон дароянд ё ба гармобаи Явроз. Поси байни Шарифободу Явроз касон ва мошинҳоро тафтиш карда, рухсати гузар медод. Ҳар кӣ ҷонибдори Малиш бошад, саҳлу осон мегузашт; рўзи ноошноҳо сиёҳ мешуд. Посбонҳо ба корвони хурд низ хурдагирӣ карданд, вале чун генералро диданд, дамашон дарун зад. Осема гаштанд, ки Малишро огоҳ карда нашавад аз омадани генерал. Генерал эшонро чизе нагуфт. Напурсид, нафармуд. Рост рафт сўйи Явроз. Гармобаи шифобахшро Малиш маъвою манзил гардонида буд, ки ҳоҷати об гарм кардан надорад. Ба хонаҳои фароғат ва вагончаҳо низ оби гарм гузаронида буданд ва Малиш он ҷоро мулки хеш медонист. Дастаи ғоратгар ҳам ба таври худ маъво гирифта буд. Ҳавзи фарохи бўйнок барои таншўийи духтарон ва аскарон боб буд. Беҳтар аз ин ҳоло Малиш ҷое надорад ва орзуяш ин ки Хоҷа Оби Гармро рўзе соҳиб гардад.
Вале нобаҳангом, бе ҳеҷ огоҳӣ якбора пайдо шудани генерал Малиши сархушро безобита гардонд. Гўё ҳама ҷо ором ва Малиш шоҳу табъаш вазир буд. Ҳамон саҳна, ки чанд рўз пеш Назрӣ дидаву чашм пўшида буд, имрўз идома дорад. Малиш ҳоло дуд фурў мекашад ва биниаш ордаки сафедро фурў мебарад. Рў ба рўяш духтараки бараҳнаи нав аз гармоба бурун овардаро аз мўйи сараш медоранд ва Малиш ишора мекунад, ки ба хонаи дарун дароранд...
Аммо садои БТР меояд ва Малиш даст ба автомат мебарад. На Худоро шиносад, на худододро. Дар ин мулк касеро ҳампанҷаи хеш надонад:
— Кӣ омад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор