Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Генерал, ин бор дигаргуна омадӣ!
Чун аз генерал посухе нашуд ва ў гурбавор ҷунбидани мушро мепойид, Малишро хуш наомад ва алам аз ҷондораш ситониданӣ шуд:
— Салимча! Куни маро пойида чӣ мекардӣ? Чаро нагуфтӣ, ки армияи генерал омад?! Мо бехабар мондем...
Вале ҳама андешаҳоро садои духтараки филми секси видеойӣ пароканд. Ўро чанд нафар зўрӣ карданду куштанӣ шуданд.
— Аз ҳаминҳо омўхтӣ, Малиш.
— Не, аз шумо генерал. – шерак гашта ва хунаш ба ҷўш омада посух дод Малиш ва таппонча аз чаккаи духтар гирифта сўйи генерал рост кард.
Паҳлўи ў касе каллапўшашро гирифт. Якгўша буд. Ба назари Малиш шинос тофт. Мили таппончаро сўйи ў рост кард. Ҳамин замон зарбаи сахте ба фарқи сараш омад. Малиш баргашта ба пас нигарист, то шиносад. Хаёле Салимчаро диду таппонча он сў гардонданӣ шуд, аз дасташ афтид…

пешина
аз 393
навбатӣ