Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Метавонистам худро хуб ба қафас зада, хуншор кунам, аммо зуд дилам таскин ёфт. Вале ҳамин ки чашмам ба шохи дарахт афтод, дилам ба бозӣ даромад. Вазнин-вазнин қадам зада, аз назди қафас гузаштани Зардак диққати маро бурд ва як навъ диламро пур кард.
Аз дилам гузашт, ки вай ёри ман аст. Аз Мияв дигар натарсам ҳам, мешавад... Зардак мисли дигар ҳайвонҳои кўҳӣ гўшдарозу думдароз не, балки гўшу думаш бурида. Ҷонвар бошад ҳам, андешаманд метофт. Ким-чӣ хел балою пешомадҳоро пай мебурд.
Аввал гўшҳои буридаашро сих карда, ба чизе диққат дод ва ҳеҷ чиз нашунид, ки фўк бар дастони дарозгузоштааш ниҳода, ҳама чизро фаромўш кард. Чашм пўшид. Аз рўйи гуфти очаам, рўбоҳ ҳамин хел худро ба мурда андохта, фиреб мекунад. Зардак ҳам тамоман чашм напўшидааст; ба назари ман, ки Миявро мепояд:
фаромадани ўро интизор. Бало, ҳайвонҳо ҳам бало...
Мияв андаке ковок шуд. Ба назарам, мисли абр калон шуд.
Хамёза кашид, баланду дарозу ғафс гашт, аз Зардак ҳам калон...
Думаш морак мерафт, вай нўки думашрр ҳалқа кард ва бадиққат ба Зардак нигариста, сонӣ фаромаданӣ шуд. Вай аҷиб мефаромад.
Гўё ки ба ҷойи танге даромада ва барои баргаштан қад намедода бошад, пас-пас мефаромад. Шояд аз тарси Зардак бошад, ки баробари ҳамла овардан боз тохта барояд. Ҳар дам истода, гардан тофта менигарист, ки Зардак меҷунбад ё не. Андаки дигар лағжад, ба замин мефаромад. Вале ҳамин вақт Мияв барои чӣ бошад, ки нимдоира шуда, ба замин нигарист ва якбора худро партофт.
Буни дарахт қарор истод. Сўйи Зардак нигарист, баъд чашм ба ман дўхт. Ман ҳам ба вай нигоҳ мекардам, ки чӣ кор мекунад, вале даҳшати ў оромам намедод; боз худро ба қафас задам. Аз тапиданҳои ман Зардак беқарор шуда, аз ҷойи хобаш пуршаст сўйи Мияв ҳамлавар шуд. Мияв пешакӣ гурезгоҳашро муайян карда будааст, ки чолок тохта зери обмўрии таки суфа даромад. Зардак чунон пуршаст рафт, ки гўё думи Мияв ба даҳонаш омада бошад.
Фўки вай ба обмўрӣ даромад, вале ба Мияв расида натавониста, ноумед он ҷо истода, думи буридаашро ликкондан гирифт. Сонӣ даст андохтанӣ шуда, пештар рафт. Мияв наменамуд.
Ин дафъа Зардак фўкашро ба қафас расонида хоб мерафт.
Ҳатто чунон наздик, ки нафасаш ба танам мерасид, вале аз чӣ бошад, ки намеҳаросидам... Мияв наменамуд. Соҳибхона ҳам.
Шояд вай ба Зардак ягон чиз гуфта рафта бошад.
...Оташбасар пайдо шуд. Писарашро ном гирифта ҷеғ зад.
«Пушти боғ рафта малах зада биё» гуфт. Писарак рафт. Ў низ аз пайи кораш шуд ва баъди чанд муддат писарак дар каф чизеро дошта, ба падараш «овардам» гуфт. Оташи сари ў, ки ҳангоми маро дар кўҳ доштанаш ба назар менамуд, ҳоло наметофт ҷуссааш низ мисли кўҳ гарону калон наметофт, чандон оташин ҳам не. Балки ба ман меҳрубонӣ карданӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё