Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Садои «их-их!» баромад. Ду кас як харро пеш андохта пайроҳаи миёни гўристонро мегузашт. Баногоҳ бозистода ҷувол аз пушти
1 хар ба хирманҷо андохтанд. Мазмун, то ҳол маслиҳату машварат накарда будаанд, ки дергоҳ баногўшӣ карданд; яке «не» мегуфт, дигаре низ «не» мегуфт ва ҳеҷ ҳарфашон намепухт. Баъд ҷуволро ба ҳоли дароз гузоштаашон монда ҷониби гўри нав омаданд, ки Рўйин дар пасаш буд. Ў худро дуртар кашид, то набинанд. Яке ҷониби хар рафт ва каланде овард. Гумбади гўри Акбари Паррўро чок карданд. Ва ҳамон ҷуволро кашола карда оварда ба чокӣ гузоштанд ва аз нав хокро гумбад бардоштанд... Пас миёни ҳарду паст-паст гуфтугўй шуд. Гапашон напухт, ки дастогиребон шуданд.
Яке дигареро «Ҳааа, доштамат-а, доштамат, дар тори занак доштамат... Муттаҳами кофир, ба ҷойи очат буд!» гуфту бо халачўб дар фарқи сараш зад. Ў афтид. Кашола карда ба гўри кўҳна бурда партофт. Пеши хар омада гардани онро гирифта дер сукут варзид.
Пас ба гардани хар халачўб зада сўйи деҳа ронд.
Аммо Рўйин моту мабҳут буд ва намедонист бо чунин шоҳидӣ чӣ кор кунад. Камон дар дасташ, вале намехоҳад дар ин ғояти шаб сукунат ва оромиву хомўшии қабристон халал бинад. Ва агар ин марди нобакорро огоҳ накунад аз кирдори зишташ, фардо тўҳмат мезанад, ки камондор ин корро карду ба сари ман бор мекунад. Ба ҳар ҳол харро парронд. Хар дар миёни гўрҳо афтид ва соҳибаш гурехт.
Ин замон Чўгури ў аз сари теппаи Муғ сайҳа кашид ва Рўйин донист, ки ҷонварро дар он баландӣ баста омада буд, гушнаву ташна. Ў бе ҳеҷ мулоҳиза, гўё чизе рух надода бошад, адирро рост шуда назди Чўгур омад ва каҷпаҳлў зада наздиктар ба асп хоб рафт, аммо хобаш набурд.
Шояд субҳи саввум бошад, пайвандони мардинаи худораҳматии Акбари Паррў сари гўр омаданд ва парешон ва титу пит диданд хоки гўрро ва ҳайратзада то рўз фаро расидан аз сари манзил дур нарафтанд. Рўйин аз боло медид ин ҳамаро, аммо пеш намеомад, ки чӣ савдое шавад.
Рўйин гўйӣ кино медид. Ин чизҳо дар ҳикоятҳои Эсуфча набуд.
Онҳоро танҳо Рўйин мебинад ва ба касе ҳикоят карда наметавонад. Ба назараш дар як олами берўҳу беҷон мегардад, ки дидан дораду гуфтан не.
Рўйин аз он баландӣ ҳама даву ғеҷ, мушоҳида, дастак зада ба якдигар чиҳое гуфтани онҳоро мебинад, аммо намедонад, ки масъала дар сари чист. Маълум: албатта «ин чӣ рўз аст?» Аммо аз чӣ сар задану чӣ сурат гирифтани онро дар сар ғунҷонида наметавонад. Лекин дилаш хиҷил, ки чаро хари боркашро парронд. Шояд
- Замоне буд ҳамин тир ба бало мононад ўро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор