Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лозим ояд, росташро мегўяд. Ў боз дид аз он баландӣ, ки як нафари сарбаста пайдо шуд ва чизе нагуфта, ҳамроҳи онҳо нишаста даст ба дуо бардошт ва ҷониби Боғи Гарон рафт. Хар дам карда, чаҳор дасту пояш боло хобида буд; каландро онҳо чанд бор боло бардошта чиҳое гуфтанд; аммо нафари ба гўри чўкида афкандаро касе намебинад, ё нест.
Чунин ҳолро ба наздикиҳо надидааст. Дар лагер аз ин зиёдтар зўровариҳоро дидааст; сахттарин кушторҳоро дидааст; дасти зўрии мардонаро дидааст, валек чунин ногаҳонӣ, барқасди ба ин ҷо омадани ў рух додани ин зайл фоҷиаро надидааст, ки дар болои
1 пирмарди мурда каси дигарро гўр кунанд.
Ва баъд гўяву гуфтор шуд дар мўяву гиряи занҳо.
Аммо замона чунон буд, ки ҳар кас барои мурдаи хеш мегирист ва муддаие пайдо нашуд ва касе чунин маргро тафтиш накард.
Зеро Рўйин дар мамлакат ҳар куштору сўхтор дидааст ё шунидааст, ки таърих ёд надорад.

Мардум ва баччаҳо ба ин тараф ё он тараф асп монда гузаштани Рўйин эътибор намедиҳанд. Танҳо ба камони сари китфи ў дуздида менигаранду чизе намегўянд ва онҳое, ки майли бо ў рафтан доштанд, хапанд. Девори намкаш мешавад, ки халқ носомониҳоро аз ҳамин қаҳрамони навбаромад медонад; зеро ҳама камонҳоро гўё бо фармон кашида гирифтаанд; ягона касе, ки камондор аст, Рўйин. Баъд камондорҳои дигар бо сочма сару кордор, на бо яккатир.
2 Рўйин медонад, ки чандон бузургҳайкал нест. Аммо пурра ва варзида. Чун сари зин менишинад, қавипайкар ва уқобгир метобад. Тори теппаҳо пайдо шавад ҳам, бузургҳайкал метобад; кўҳпайкар. «Қоматаш чун ҳимматаш баланд» мегўянд. Бархе бо ҳавас менигарад ба ў, баъзе бо тарсу ҳарос: «Ҳамон дузд-дия....
Қотил...» Дуздиашро касе надидааст, вале Ҷўра-чатоқро барои «зан» гуфта дашном доданаш як корд дар ҷигараш зада кушта буд; сабаби дар дорулахлоқ шиштанаш ҳам чунин... Аммо касе намедонад, ки дар муддати адабомўзӣ Рўйин ба кӣ табдил ёфт.
Сахт нотарс. Нотарсиаш ўро қайсар, хуни ноҳақ ва тавоно нишон медиҳад. Баъзеҳо роҳзану ғоратгар ҳам медонанд. «Агар на, аз куҷо меёбад?» мегўянд. Ҳамин тахминашон ҳамаро ба шаку шубҳа меандозад, ки дар замоне, ки фабрику завод кор намекунад; дар ҳоле, ки як осиёби гардонро дида натавониста, заводу фабрикаву замину дарахту саройи колхозро мефурўшанд ва касе

  1. Ин аз хархашаи ду мард ҳосил шуда буд 2. Аз рўйи нақли Эсуфча тохтутозҳои дар мамлакат рухдодаро «ча-ча»-ҳо мекунанд, на бузургҳайкалҳо. Рафту ягон қавипайкар арзи ҳастӣ кунад, «чача»-ҳо кунҷу канор рафта бисёр корҳои номатлуб мекунанд.
пешина
аз 393
навбатӣ