Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Раисро нафорид ва ё аз одамони гирду пеш шарм дошт, ки аз китфи бузриш тела дода арбада кард. Вале пиқ-пиқ хандидани навҷавонони аз ин корҳо огоҳро ношунида гирифт.
Шоми он рўз телевизиони даст ба даст хабар дод, ки як чархболи наҳангмонанди насбу набиштаҳояш бегона ба саргаҳи наҳри Фушун омада, бомба андохта пулҳои рўйи рўдро тарконд ва сўйи Сароб рафт.
Пасон миёни мардум миш-миш шуд, ки волӣ бо ҳамон чархболаш ба маъракаи бузкашӣ рафтааст. Зеро паҳлавонҳойи бузкаш чанд рўз пеш аспони охурии ўро савор шуда ба ин маърака рафта буданд ва ў низ бояд расида равад; кадом хушомадгўяш тўҳфаи болобаланд монад ва албатта яке аз аспони ў бояд бузро барорад. Ва баъди ҳар бори чунин кирдорҳо номи ў ба даҳанҳо меафтад; таҳдид ҳам сар мешавад. Волӣ бо ҳамон чархболаш гу-
1 рехта ба мамлакати ҳамсоя меравад. Барои ў фарқе надорад, ки дар кадом марзу бум зиндагӣ мекунад. Обу ҳаворо нигоҳ карда мўза мекашад. Ва аз он дуриҳо ахбор мегирад, ки оташи ҷанги бародаркуш то куҷо расидааст. Кадом бародар пирўз аст, то ба номи ў барқия фиристад. Ягона нияташ ин аст, ки як бор чархболро тори қасри шоҳӣ нишонад ва аз сўрохии дудкаш ба шаҳнишин даромада ҳамчун муғбачча худро писари Куруши Кабир Бардия эълон карда соҳиби тахт шавад. Телевизион ба хидмати ў рафта маросими тоҷгузорӣ ва тахтнишиниашро намоиш диҳад, то ҳама донанд, ки шоҳаншоҳ шудааст. Боқӣ ҳама корҳо тавре сурат мегиранд, ки дар аҳди ҳама гуна шоҳ мешавад: базми шоҳона барпо мегардад; арўсони чилкокул мўйҳои ориятӣ то замин расида арғушт мераванд; дунбаҳо чун дунбаҳои гўсфандӣ ҳисорӣ тарангу дамида ва ҳавасангез, ки шоҳ он шаб аз сад якеро хуш мекунад; косагулҳо дар ситоиши шоҳ даҳон кафк мекунонанд; шоирони маддоҳ мадҳияҳо мехонанд; шоҳ даҳони онҳоро пур аз зар мегардонад; ҳама хушомад мезананд; олу авлоди ў чунон такаббур мекунад, ки тоқӣ аз сарашон меафтад; аз номи шоҳ сухан мегўянд; барои фиреби мардум бебаркаш ваъдаҳо медиҳанд... ва худи шоҳ ба мардум рў меорад: «Ман шуморо хушбахт мегардонам!» Ва ниҳоят «Шоҳнома» навишта мешавад, вагарна чӣ номи баланди шоҳиро бардоштан. Худои бузург чунин шарафро ба ҳар кас насиб намегардонад.
Вале дар зодгоҳи Рўйин вазъият тамоман дигар: навҷавонон ҳаваси воливу чархболи ўро надоранд, ба қаҳрамони дўстдоштаашон бештар майл мекунанд:
«Маро намегирӣ ба дастаат, акайи Рўйин.»
- Ин мулкҳо замонҳо марзи мо буд ва ҳоло хоки ҳамсоя шудааст, ки пойи мо
он ҷо расад, зада мешикананд «Аз дастат чӣ кор меояд?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор