Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Командир! Эсуфча пеш ҳам омада буд. Гуфт, ки ҳамаатон назди Рўйин равед ва аз номи ман гўед, ки шуморо чун аскар қабул кунад ва ана ҳооо он чизҳои чархбол овардаро ҳамроҳ ба халқ тақсим карда диҳем».
«Ҳамааш найранг; бошаду бошад, онҳо ҳама доруҳои хориҷии мўҳлаташон гузашта; душман ба кас чизи хуб намедиҳад.»
«Вай Эсуфча тамоман дигар хел гуфт: шуморо командир номид; мо аз забони ў донистем; шуморо дўстам, гуфт... Ҳамин хел не, баччаҳо?»
«Ҳамин хел! Ҳамин хел!!!»
Рўйин китф дарҳам кашид ва сўйи теппаи Шоён нигарист, ки ёриворӣ баландтар аз теппа гашта. Баъд ў пеш-пешу дигарон аз пас доманаи русторо гузашта то теппаи Шоён рафтанд. Рўйин бо чашмонаш дид он ҳамаро ва ба аскар рў овард:
«Дар деҳа ҳама ниёз ба кўмак доранд ва ё серҳо низ ҳастанд?»
Ҳама ба якдигар нигаристанд, китфон дарҳам кашиданд ва касе гуфта натавонист, ки сер кист.
«Рафта ба деҳа эълон кунед: эҳтиёҷманде бошад, биёяд!»
«Мо мардумонем, ки бо дасти хеш кишта, надуруда бошем, намехўрем!!!»
Ва Рўйин фармуд ҷавононро: «Нигарон истед, касе чизе набарад, чун чархбол ояд, арзи мардумро расонед ва бигўйед, ки овардаашро бор карда барад!» Рост сўйи особ рафт. Аз нав симҳои барқиро васл кард ва особро гардон. Ба назараш ҳоли мардум беҳ шуд; доштаашонро оварда орд мекарданд ва рўзашон мегузашт.
Ва баъдтар чархболе омад, ки сиёҳи монанд ба наҳанг буд; Боз ҳамон навҷавонон оварданд, ки чархболи волӣ раиси ҷамоати Офтобрўяро ҳамроҳ овардааст; ҳамчун намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ёрии башардўстонаро ў тақсим мекунад. Рўйин ба чунин корҳо даст намезанад; шарик ҳам нашуд. Раиси ҷамоат мисли пештара чунон обу лой кард он чизҳоро, ки чашм диду гулўй на. Боз шикоятнависҳо ба чаҳор тараф давиданд, ки ин Раис то кай чунин рафтор мекунад? Шуниданд: «То замоне ки ҳукумати қонунӣ ҳаст.»
Рўйини бо ҳазор нияту умеди нек ба ин ҷо омада пушаймон шуд аз омаданаш, вале он болеро надошт, ки аз тори кўҳҳои барфгир парвоз карда боз ба маҳбас равад; «Ҳазор бор хубтар аст зиндон аз ин дунё».
Дар Ҷумъабозор бузрише раиси ҷамоатро дошта гуфт: «Балонг урсун, сан били Худо, бўмаганингга қабиладан бир киши қомас эди.»
«Шумо ҳамин хел қавми бефаҳм, ки ман гап мешунавамдия!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор