Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Нигар! Аввал чизеро аз кисабағал мегиранд, дар алоб дошта оташ мегиронанд, сонӣ ба аланга меандозанд... Ба назарам, билети партиявист. Ҳозир ин чиз ба мўд даромадагӣ. Чунин накунӣ аз Ҳукумати Муваққатӣ рўз намебинӣ. Билетсўзиву ҳайкалшиканӣ кори телевизиони марказӣ. Мо бисёр чиз омўхтем аз онҳо.
— Аввал чаро он билетро гирифтанд, ки акнун месўзанд.
— Ба гуфтан фаҳмонида намешавад. Маддаи кўҳна буд, кафид.
Қариб як аср гузашт. Ҷояш омад, ки таваллову тазарро карда ин билетро гирифтанд; баъзе касон дар орзуяш мурда рафтанд; баъзе барои мансабу вазифа касони обрўмандро восита карда он дафтарчаи муқаддасро гирифта, рўйи дилашон бардошта мегаштанд. Ана ҳамон қабил узвҳо ҳоло билетсўзӣ мекунанд. Ин хел касон ба ягон партия, ба ягон одам, ба ягон миллат, ба ягон ватан содиқ нестанд; хизмати софдилона ҳам намекунанд. Дар зиндагӣ абри даргузар ҳам ҳастанд. Чунин касони хасакӣ соҳиби партия шуданд, ки кохи сахтбунёдро шикастанд. Ё аз сари кохи баланд сарозер шуданд.
— Хойинҳо! Кўрнамакҳо!
— Киро мегўйӣ?
— Ҳамонҳоро, ки виҷдони ҳаром ё ҳалоли худро барги хазон барин месўзанд. Шумо набудед?
— Чӣ набудам?
— Соҳиби чунин билет?
— Будам... Гирифтанд...
— Шуморо-ку ҳамонҳо ҷазо доданд. Чаро эътиқод доред ба онҳо?
— Аз худам гузашт. Ман набояд ўро корд зада мекуштам... Ба ҳар ҳол ту ҳоло кўдакӣ. Аз «Шоҳнома» то «Ёддоштҳо»-ро хонда бошӣ ҳам, ба чанги паланг наафтидаӣ. Илоҳо наафтӣ. Лекин зиндагӣ ҳамаро ҷо ба ҷо мекунад. Баландашро ҳам дидем, пасташро ҳам. Ҳар ду як чиз: ду кафи тарозу. Яке саҳл нам кашад, палларо хам мекунад; дигаре каме офтоб хўрад, намаш парида, ба осмон мебарояд.
— Рост гуфтед: ман ҳоло кўдак. Дилам софу беғаш. Як бор, ки Сталинҷон гуфтам, то охир Сталинҷон мегўм.
Рўйин андеша дошт, ки аз куҷо чашми ин бачча кушода шуда бошад? Чун солдидаҳо сухан мегўяд, муҳокима мекунад, маслиҳат медиҳад:
— Телевизир доред дар хонаатон?
— Духтурамакам дорад. То шумо пайдо шудан ман дар хонаи он кас будам. Лекин ў ҷуз футбол чизи дигар тамошо намекунад.
Футболро ҳам ба сиёсат бурда мечаспонад, ки республикаамон зўр мебуд, футболаш низ зўр мешуд. Ман дуздӣ «Ахбор» тамошо мекардаму аз барномаҳои Рус филмҳои ҳуҷҷатӣ. Лекин то ҳол намефаҳмам, ки чаро дар барномаҳо сухан дигару зиндагӣ дигар...

пешина
аз 393
навбатӣ