Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё телевизор танҳо ҳаёти калонҳоро бояд нишон диҳад? Бечораҳо ҳам раисонро ситоиш кунанд? Ҳама барои як кас хизмат кунад?
— Сағира, зиёд пурсидӣ. Ман ба ту чӣ гуфта будам?
— Ҷамъ шуд, генерал. Аз бозе ки ҳамроҳи шумоям, мехоҳам пурсаму пурсаму пурсам... Ҳама чизро донам... Ба дигарон фаҳмонам... Як зиндагии осудаи оддии беғавғо созем... ақаллан дар ҳамин деҳаи хурдамон. Лекин дар ин деҳа ҷуз ғайбату дашном чизе нест; ҳатто дар масҷидаш... Онҳо ҳам ба таври худ дунёро дигар карданӣ, лекин роҳашро намедонанд. Олуғда шуда ғайбат мекунанд, наҳ мезананд; маҳкум мекунанд... ба муқойиса мегузаранд ва кадом шоҳи мамлакати дурро ситоиш мекунанд: «Қандаша занад, мамлакаташ сериву пурӣ». Одамони мо рафта аз он ҷо бор меоранд ва як ба даҳ мефурўшанд. Ҳама вазнинӣ ба гардани халқ.
Дар телевизор нишон дод, ки баччаҳо мактабро тарк карда дар кўчаҳо мошинҳои ба яғмо бурдаи зўрҳоро мешўянд; духтарон фоҳиша шудаанд... Ин чӣ хел, генерал?
— Давраи гузариш... Ҳукумати Муваққатӣ... Як ношуд худро зўран ба маснад ҷой карда, «ҳокимият аз он ман» ва сессия даъват намекунад, ки дигар касро сарвар интихоб мекунад хадқ... Ҳамааш хуб мешавад. Лекин бо чунин сардорҳо не! Бо сарвари қонунӣ дигаргун мегардад рўзгор. Кадом вақте ки баландиҳоро тарошида, аз хоки он пастиҳоро пур кунанд; ҳама ҳамвору баробар шавад; обҳо маҷрои худро пайдо кунанд...
— Он вақт қиёмат қойим мешавад, мегўянд-ку? Дар он гўшаи замин як тухмро гузорӣ, аз ин гўшаи замин мебинӣ, мегўянд.
Рўйин гўё ҳарфи Сағираро нашунид, ки чизе нагуфт ва ба теппачаи болои гўристони марду зан як ҷо шуда нигарист. Баъди тири ў онҳо нахеста буданд ва зиндаву мурдаашон аён набуд.
Якбора ҷон гирифта, зайле ки якдигарро ба танг кашида буданд, якҷоя ғелида паси теппа шуданд. Рўйин сар ҷунбонд, даст афшонд.
Сағира ба ў менигарист, ки чӣ мегўяд ё чӣ мефармояд. Танҳо сар меҷунбонду сар меафшонд.

Аз мўриҳо дуд баромада, миёни дарахтони урён боло шуд ва баландтар рафта ба ранги ҳаво омехт. Нишонаи оромии деҳа ва ҷо ба ҷо шудани мардум дониста онҳо ба деҳа фуромаданд. Ва бори нахуст диданд, ки дар шохҳои урёни дарахтон чӣ миқдор паррандагон лона гузошта баробари даррасидани нафаси сармо ошён тарк кардаанд. «Зиндагии одамон ҳам аз рўйи ҳавас ва зарурат».
Рўйин наздик ба особ омаду бозистод ва ранги рўяш канд.
Чунин сўрох-сўрох дарёфт девори особро, ки дар баччагиаш Хокканак рафта дар танаи ҷари баланд чунин медид лонаи гунҷишконро. Он қадар тир задаанд, ки ғалбер гаштааст ва Худо донад, ки особи қариб як аср хобида аз нав гардон шуда, дигарбора чарх занад.

пешина
аз 393
навбатӣ