Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кўҳистонинавозӣ кунанд. Феълу хўйи Усто Бобои мадрасадида намебардорад чунин костагиҳоро. Ҳабо ё дами гармо мегузарад аз миёндаштӣ ё наздики рўдбор. Пиндорад тафси тани ўст. Чунки аз нав арақшор гашта, ҳама ҷояш ба хориш даромад.
«Дер омадам... Азоб кашидӣ, занак?»
«Неее...»
Ў монанд ба чунин ҳарфи норавшан посухеро нигарон буд.
Зеро аз нигоҳ ва миш-мишу бехгўшӣ ва табассумҳои мармузи ҳамдиёрон чу девори намкаш танаш тар гашта буд ва бебунёдии онро ҳис мекард.
Наздик ба рўдбор омада сари зин нимрўя гашт ва ба каҷроҳаи фарози Сафедхок нигарист. Шахи Сафед ва девлохи камарии онро зеҳннишин кард. Ва сар такон дод, ки маъниашро ҷуз худаш касе намедонист. Хаёле аз зеҳн гузаронд: «Аз ҳамон ҷо дидан имкон дорад...» Сонӣ ба сўйе, ки менигарист, сари аспро гардонд.
Ва мурд. Чунки баъди сари аспро чап гардонидан ёд надорад, ки чӣ буду чӣ шуд. Бора мурдаи ў мекашид ва савор чун хўсаи росткарда пушти зин нишаста буд. Баробари лангари асп меҷунбид, аммо зиндаву мурдааш аён набуд. Гўйӣ қолаб гирифта буд бар зин.
Дар миёндаштӣ бедор шуд ва ё зинда гашта дид, ки асп бозгашт дорад сўйи деҳ. Вале ёд надорад, ки худаш ҷилави ҳайвонро тофта буд ва ё ҷонвар аз пеши худ бозгаштро раво донистааст? Ҷилав ба рост тофт – сўйи Ҳавзак, ки чанд тора беди сабз метофт.
Бо чунин рафторҳо оташи дил ва шиддати ғазаб паст карда наметавонист; зеро пеши назараш як зиштрўйи ҳаромхиштак меомад, ки ҷуз зани ў занони дигарро бадном карда буд. Як бангии бекорхўҷа, ки рўзони дароз чун саги вилгард дар кўчаву паскўча гардад, буни девору хамгаштҳо истода занонро тарсонад ва даҳонмардӣ кунад. Чун Усто Боборо нагуфта буданд, ки хушдори занаш кист, гумонбар аз ҳамин Бадном буд...
Ва ўро кушт. Савори асп мегузашт, ки сараш гаранг; калавида касеро занвор дашном медиҳад, аз паси гарданаш бардошт ба қоши зин ва шартӣ гардан зада, буз ба марра афканда барин партофту рафт... Ба худ омад, ки хаёл мекунад. Садо меояд: «Ў нест!»
Ў набуда. Ва нагуфтанд, ки кист. Зери обу арақ монданҳояш аз чунин андешаҳои шадид ва ноаён бувад. Забон ба комаш часпид аз ташнагӣ; зеро оби танаш арақ гашта баромада буд. Ва дар диёри худ андар дашти сўхта, ки мисоли дуди ҷигари ў метобад, об пайдо кардан муҳол.
Боз куштанист душмани накуштаро; душмани хаёлии росту дурўғашро, ки ин замон бофтааст. Гўё дар деҳа марди дигаре нест, ки чунин кор бикунад. Бекорхўҷаи бадкор ҳамон. Ва шаш бародари дигари Усто Бобо ин чизро донанд ҳам, ору номус намекунанд ва дарди дили бародар даво намегарданд.

пешина
аз 393
навбатӣ