Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На, худи ў бояд ин корро кунад; боз кушад ўро. Пеши асп бардошта, бурда аз тори пули Дупула ба гирдоби Зарафшон афканад ва ҳамон раҳ то Бухоро рафта дигар барнагардад. Зеро ин манзилу макон ва зан ўро ҳаром гашт.
«Ў набояд... Зеро зани озода тани худро бо чунин марди кўчағел ҳаром накунад... Кӣ медонад? Зан – гург. Як даҳон зада гирифтанашро донад...»
Ин бор бо садо ба гардани асп тозиёна зад: «Чу!» ва пиндошт, ки тори хаёли мағзи сараш баргусаст. Ҷиззӣ сўхт ва дардаш кам нагашта авҷ гирифт; то ҳадде, ки аспро инон кашида боздошт, то лангари гашташ азобтар надиҳад. Зеро бо он қадар ғайрату зўр ва ситези ботинӣ ва он қадар азму ғалаёни фикр дар дилаш ҳарос пайдо гашт, ки садои танҳо барои ҷонвар ифода кардаашро касе шунид; ё дар Боғи Гарон ҷойгир буд он кас ё дар кадом гўри фурўрафтаи Пушти Бурсак. Чунки агар чунин миш-мишҳо рост бошанд, ў ҳам бедушман нест; аз паси ў низ мепоянд. Ё худи занаку хушдораш дар сари баландиҳо дидбон мегузоранд, ки роҳнавард то куҷо расид. Аз Дупула гузашт? Қашқоиро гузашта, Дашти Малларо убур кард ё на? Ё паҳноби Зарафшонро миёнбур карда, таноби роҳро кашид?
Валек мусофир инони бора кашид. Чунин андешаҳо ўро водор кард, ки оҳиста бошад бо каллабурӣ. Зеро замона дигар. Зиндагӣ дигар гашта, гарчӣ ҳанўз ҳам боғхонаву боғдорӣ ҳаст. Дар Бухоро низ ҳаёт дигар шудааст; одамонаш ҳам дигар: ба як мирӣ касро фурўшанд. Сарсина бар кўҳаи зин андохт ва гўйӣ касе қомати баланди ўро аз дур нашиносад, хам хўрд. Фараси рамузфаҳмаш худ аз худ пойи рафт боздошт ва андаке паст фиркид. Дар паси Шахи Сафед – сари Лалми Оқсақол ба шакли камар сиёҳие метобад; пайҷойи девлохи Эшон, ки молаш дар айлохи Боло. То ҳамон ҷо расида дибонӣ бояд кард ба сўйи Тангӣ ва боғхонаи Мисир. Лекин ў инони бора чаро кашид; аз чӣ рў асп бозистод?
Нафаҳмид. Ҳол он ки зудтар бояд он ҷо расад; зеро хушдорҳо дар муддати дар хонааш гирифторӣ кардани ў онҳо ҳамдигарро хеле пазмон шудаанд ва зудтар бояд ба дидор расанд. Чашми ошиқон кўр мешавад; ҷуз дидори ҳамдигар чизеро динан нахоҳанд...
Расани Сиёҳмушкин дар хорбутта баст. Бо ҳаяҷони зиёд, арақшор, вале ҳалқу забонаш аз ташнагӣ хушк, ҷуссаи хеш ба бехи санги сафеди аз зарби боду борон ва тафсову тобиши офтоб бўрранг гашта гирифт. Ҷо ба ҷо шуд ва дуздона дида ба роҳи деҳу Тангӣ дўхт, то кӣ раваду кӣ ояд. Гўйӣ обзада буд роҳ ва касе гузар надошт. Оҳиста-оҳиста сар пеш бурда, аз буни санг ба боғхонае, ки зери дарахти тути калон қарор дошт, дида дўхт. Пасон ягонягон касон пайдо шуданд, ки яке бошитоб, дигаре хеле орому бепарво ва хаёлӣ қадам зада ҷойи рафтро намедонист. Занони саргиракбасар ҳам мерафтанд, лек саргираке ба саргираки арўси ў монанд набуд.

пешина
аз 393
навбатӣ