Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Гўш дод аввал. Садоҳое паст ва номаълум буданд. Яқин садои нафасгирии ғайримаъмулӣ буд; шиддат дошт. Дарро кашид. Занҷиру зулфин надоштааст, ки боз шуд. Дар ҳавои нимранг, ки ҳоло чашмаш аз равшании берун ба торикийи дарун одат накарда буд, ду суроби бараҳнаро дид. Яке паси дигаре паноҳ бурданӣ шуд. Усто Бобо чизе нагуфт. Корди дасташ шуои офтобро барнамегардонд, балки сиёҳ метофт.
Марди бараҳна ҳуҷум овард ба ў. Сари синааш ба корд бархўрд.
Садои талху тунди зан баромад ва беҳуш афтид ба замин ва надид, ки шўй чун сари хушдораш аз тан ҷудо кард. Хир-хири харнойро ҳам намешунид. Ва ҳатто надонист, ки сари худаш чӣ гуна ҷудо шуд аз тан...
Усто Бобо хуни корд ба тани бараҳнаи онҳо пок кард. Боз даруни соқи мўза ба ғилоф андохт ва ду сари хуншор аз мўву гўш гирифта то лаби об бурд ва гардани ҳанўз хунаш ист накардаро шуст ва фарози паҳлўи Шахи Сафедро рост шуд. Зери андешаҳои мағшуш, дар пўсти одамкушӣ хешро ҷинойӣ дониста ва баъзан ҳақ пиндошта, дамгардон то сари шах баромад ва як бор ба пас нигариста диданӣ шуд, ки чӣ моҷароест дар он олам. Оромӣ буд.
Дил кард, ки аз он баландӣ каллаҳоро андозад ба зер ва борашро сабук карда роҳи Бухоро пеш гирад; аз сар шогирди мадраса шавад; илми макру ҳиял биомўзад, ки ба таги дунё расида мешавад, ё муаммои макри занро кушодан имкон дорад?
Сарҳоро андохт ба чашми хўрҷин як ҷо, то сер шаванд аз дидори ҳам. Зеро то Бухоро роҳ дур аст, ҳарфи ногуфта ва рози нуҳуфта намемонад...
Вале мағзи сари худаш банд шуда буд; афсуни ҷодугаре гирифта; ҷуз «афсўси одам» дар сараш андешае ҷой надошт.
Сиёҳмушкин магар бўйи хунро шунид, ки сайҳаи тунд кашид ва ду-се сум кўфт ба замин ва видоъ кард бо диёр: «Бинем, ё набинем?!»
Гўши Сиёҳмушкин хамида буд; чун гаштҳои пешин кишнаву мақом надошт; гардан зада садои даҳана намебаровард ва фиркида йўрға намегирифт, балки андешаманд мерафт мисоли савораш.
«Чаро имшаб дар шаҳр қарор нагирифт?» гўё ҳамин хел аз худ пурсид. Ва гоҳе ки ба хамгашти роҳи саройи амондарагиҳо сар тофт, соҳиб инонашро таранг кашида, лаҷом зад, то рост равад.
Гарчӣ шаб фаро расида, бо чунин аҳвол ба роҳи дур рафтан хатаре дошт, дар ин макон қарор нагирифт ва ба идораи вобаста низ надаромад, то ахбор барад ба Бухоро. Зеро дилаш ҳарос дошт ва гумонаш яқин мешуд, ки касе аз кирдораш огоҳ мегардад ва то Бухоро расиданашро касе замонат намедиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор