Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў яқин намедонист, ки чаро ду сари ба тарбуз монанди хўрҷинро бардошта то Бухоро меравад; чаро ва барои кӣ мебарад онро?
Аз шаҳр баромад. Касе пеши аспашро нагирифт. Маълум, ки ҳоло касе боғхонаро хабар нагирифтааст ва аз фоҷиаи даруни он огоҳ нестанд. Агар огоҳ шудаанд, танҳои бесарро нашиносанд, ки аз они кист. Шояд як хавфи дар саройи Амондара наистодани Усто Бобо ҳамин бошад. Зеро коғази ахбори тоза ба дарбори амир як навъ гузарномае мебуд дар роҳи тўлонӣ...
Ў танҳо андеша дорад ва ҳарос. Аммо садои ба кўрсангҳо бархўрда садову шарора баровардани наъли асп ҳушдораш мекунад ва баробари ҳар садо як бор сар метаконад: «Чаро?» Вале ҷуз худаш касе намешунавад пурсашро ва намефаҳмад мазмунашро, ки «чаро?»-яш чӣ маънӣ дорад. Ё пушаймон аз карда, ё аз он, ки ба идора надаромад. Агар даромада фиристодае ҳамроҳ мегирифт, дар ин роҳи тўлонӣ аз хавфу хатар эминаш медошт; аз асасу ясавулони шабгарду баҳонаҷў халос буд. Ҳоло ба сараш омад, ки ду сари бурида аз хўрҷин пайдо кунанд, бо сари худаш се сар мешавад. Бо чунин хаёлҳои хом сари аспро ба боғоти туркнишини Саразм гардонд, то андаке дам гирифта бо ситораҳо роз гўяд ва ба худ омада, баробари рух намудани ситораи Корвонкаш ба роҳ дарояд...
...Аммо дар роҳ пашшаҳои дар умрашон бўйи гўштро нашунида рез карданд ба як чашми хўрҷин, ки нами зардоб рў зада буд.
Тақрибан чунин аломат дар Боғи Зоғон рух дод. Ҷома кашида чашми хўрҷинро рўпўш карда бошад ҳам, бўйи онро пинҳон дошта наметавонист ва пашшаҳо чашми хўрҷинро монда худи ўро тала карданд ва сару рўву чашмро болафшон лесида мегузаштанд ва аспро низ безобита мегардониданд. Аз алами бехобии шаб ва ҳароси «худкардаро даво нест» батар буд ҳолаш. Ў мехост дар ин роҳ ҷо-ҷо нишаста «хушдорҳо»-ро рў ба рў нишонда сўҳбати ошиқона ва нозу карашмаашонро тамошо кунад ва донад, ки аз чӣ рў чунин кирдор кардаанд. Ва агар сухан гуфта натавонанд, аз номашон пурсу посух кунад, то таскин ёбад ва асрор ҳувайдо гардад. Аз паси дари боғхона танҳо як сухани ошиқро хаёле шунида буд: «Мегирам...» Шў тахмин карда буд, ки агар талоқаш диҳад, он мард зан карда мегирад. Ҳолиё андеша мекунад, ки агар то Бухоро расонида натавонад, дар ягон биёбон бо неши корди каллабураш гўр меканад, ин ду сарро якҷоя ба хок месупорад; бигузор то қиёмат ишқварзӣ кунанд ва рўзи ҳисоб ҷавоби хиёнаташонро диҳанд.
Аммо қиёмат нашуда ба Бухоро бо ҳазор азобу машаққат расид, ки сип-сиёҳ сўхта ва хушк шуда буд аз шиддати кирдораш ва хавфи ба даст афтодану чӣ гуфтан ба баҳои ду сар.

пешина
аз 393
навбатӣ