Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Эшон нафаҳмид, ки ин ҳарфро ба чӣ маънӣ гуфт Нури Чўпон.
Ба ҳар ҳол хеле андеша кард. Чизе нагуфт. Ҳатто нагуфт, ки фардо кўч ба овул мебаранд. Аммо Нури бекасукўй амуду устухон, эрганаку чанбар ва намаду чиғи хиргоҳ бор ба харҳо кард ва роҳи овули Чашмаи Эшонро пеш гирифт. Ва бозомада рўзи дигар моли дар девлохи Лалм бударо сўйи овул ронд. Аммо овул имсол таровату бўйи баҳор ва нағмасароии парандаву чарандаи солҳои пешинро надошт. Ё дошту Нур онро пай намебурд; зеро имсол эшон нагузошт, ки духтараш чун ҳарсола ба овул ояд. Нур байтҳои азбаркарда ва бофтаҳои хешро баландтар месуруд андар талу теппаҳо аз дунбори рама. Ҷонгудозтар буд садояш. Танҳо шахҳо акс мегардониданд овозашро. Ёри ягона баъди Худованд садои шахҳо буданд, ки роз бо ў мегуфтанд:
«Ҳо-ҳо-ҳо! Чӣ-чӣ-чӣ?»
Лек ин садои худи ў набуд. Балки касе дар мағзи шах пинҳон гашта талхааш медод ё мазоҳаш мекард: «Сағираро чию аз эшон умеди духтар кардан чӣ?»
«Худоё, дар бенавоиҳои Шинг он қадар азоб накашида будам, ки дар ин наводорӣ... Магар дарди ишқ аст? Инро ишқ гуфта ҳам нашавад; чунки ман месўзаму касе намедонад; ҳатто Бону.
Ў бозиҳои кўдакона пиндорад. Дуруст ҳам ҳаст, зеро мо боре аз дўстдорӣ сухан накушодаем. Гоҳе ки мол аз чаро меовардам ба дўшидан, саломашро медидам порсоёна ва баъд табассуми дар лабонаш шукуфтаро. Пиндоштам, ки дўст дорад маро. Аз ин зиёд коре нашуда. Лек дар дил ҳавасе дорам, ки кас бояд бо чунин духтар ҳамхона бошад. Ба афсонаҳои шунидаам монанд:
«Сағир ба коми дил нарасидааст... Агар расидааст, лаҳзае, оқибаташ нокомӣ будааст...» Эшон-бобо аз куҷо бўй бурдааст дуди дили сўхтаи маро?»
— Эшон-бобо, миннатдорам барои маро ба по рост карданатон.
Инак як дуо диҳед, ба диёр баргардам.
— Саросема нашав. Туро хонадор мекунам. Бахтат механдад...
Идомаи сухани эшон-боборо нашунид. Гумонаш хостааш амалӣ хоҳад шуд. Парида худро ба гардани эшон-бобо овезон карда сару рўяшро бўсиданӣ буд, аммо раги пой ё раги дил ва ё раги ятимиаш кашид, ки чунин рафтор карда натавонист.
— Моҳбибиро хостгорӣ мекунам... Ба назарам, суханам мебуррад.
Аз сари Нур як сатил оби хунук рехтанд.
Моҳбибиро мешиносад. Духтари Тиллову Ойҷони шингӣ.
Ойҷон резапайкари дандонҳояш сиёҳи зокзада. Қаду қомати духтараш қаду қомати худаш барин. Зебо. Лекин Бону барин не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор