Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бону ҷозибадор; Моҳбибӣ андак сиёҳҷурдаи корзада. Дар миёни писарҳои зиёд як духтар. Хонаашон дар гузари шингиҳои деҳа; каппаашон дар канори овул. Эшон-бобо расму русумро риоя мекунад: ҳоло гузари ҳисориҳо ба шингиҳо хунҳамроҳ нестанд. Шояд аз ин рў эшон ба чўпон хуни худи ўро пешкаш кунад.
Моҳбибӣ зани Нури чўпон шуд. Хонаву дараш ҷудо. Эшон ўро як буз доду як барра. То замоне, ки бузу гўсфандаш даҳу бист шуд, чўпони эшон буд. Баъд ҷудо гашта чун молдору бой ном баровард ва бародари бузурги занаш Шодиро чўпон гирифт.
Дар саргаҳи гузари Шингиҳо ду дар хона пўшонд ва гўё ба қатори одамон даромад. «Бой-бобо» мегуфтагӣ шуданд. Чунин бойигарӣ ба сараш об рехт. Дар саросари кишвари шўроҳо «боди фано»
мегашт ва лафзи одамхўри «кулак» фарогир гашта буд. Қуръаи фоли «кулак» ба номи Нури чўпон афтод. Чунон шабҳангом омада бурданд, ки хабардор нашуданд. Рўзона овозаву дарвоза шуд, ки Нури Чўпонро ҳамчун бой пешандоз карда бурдаанд...

... Солҳо даргузаштанд чу оби Зарафшон, ки наздикиҳои Бухоро мерафту замин мекашидаш ба сони мурдаи одамӣ. Шабҳангом ба ҷазирачаи миёни рўди Зар бозистод ва гузашти айёмро ёд овард, ки чун дар муддати начандон тўлонӣ мўйи сараш сафед шуд?
Ятим рўз бинад, рўз дароз мешавад, мегўянд. Аммо Нури Чўпон рўз надид. Шабона бурданд... шабҳангом омад. Ҷазирае, ки аз ду тараф ба воситаи ду пул мепайвандад, Дупула ном дорад ва ҳама ин чизро намедонанд, Дупула мегўянду гузашта мераванд ва баъзан ба маънии якпулу дупул фаҳмида, ин ҷоро «беқадр» мепиндоранд.
Ҳоло Нури Чўпон сахт хаставу шалпар ва бефара гашта сари камар менишинад, ки дам гирад ва нерў ғун оварда роҳи боқимондаро паймояд. Лек ин роҳро паймуда ба диёр меравад, на ба зодгоҳ, ки ўро чашмдор ҳастанд ё на? Гоҳи бурданашон духтарчааш дар гаҳвора буд, арўсбоб шудагист. Ва бисёр фикру андешаҳои дигар:
кӣ ҳасту кӣ нест? Ва қиссаи кулак шудани ўро чӣ гуна маънидод хоҳанд кард. Зеро ў рафту баргашт, то ҳол намедонад, ки сабаби ин қадар азобу шиканҷа кашиданаш чӣ буд. Наход барои чорпое, ки бо меҳнати ҳаққу ҳалол аз эшон тўҳфа гирифтааст, озор дида бошад? Ягон сабаби дигар будагист? Аммо дар ин ҷазирачаи бекас ба таги ин андеша намерасад. Чунон ки дар «дорулахлоқ» аз фикри зиёд мўяш сафед гашту ба таги кирдор нарасид. Ба деҳа равад, ҳар гуна тахмину пиндор мешавад. Лекин аз ҳарфи Иван Иванович дурусттараш набудагист: «Неее... Нур. Бузу барра баҳона. Ин чиз дар саросари мамлакат маразвор паҳн шудааст. Як навъ нақша
– плон, андоз. Аз деҳаи шумо як касро бояд турма мекарданд...
Қуръа ба номи ту афтодааст... Хафа нашав. Бекас будаӣ. Ба ҷойи кадом бойи калон туро дастгир кардаанд. Ҳаст ҳамин хел бой?»
«Ҳааа, буд...»

пешина
аз 393
навбатӣ