Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Боке не. Хуб кардед. Албатта ҳама воқеаҳоро медонед.
Ҳоҷати гуфтанам нест.
— Магар ягон воқеа шуда?
— Не. Ҳама корҳо хуб. Фақад даргузашти эшони Шоҳсайид буд, ки гуфтам...
— Не, боз чизе ҳасту шумо намегўед... Хонадони мо тинҷ?
— Тинҷ.
— Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки коре шуда...
— Не. Тинҷи тинҷ...
— Ман дар ин ғояти шаб равам, касеро безобита намекунам?
— Чизи безобита мекардагӣ нест. Фақат...
— Гуфтам, чизе ҳаст...
— Чизе нест.
«Нараванд! Нараванд! Моҳбибӣ чилланок!»
Ин садои зани Кабуд буд, ки хун бар сари Нур занонд. Ў ҳолатеро гирифт, ки чӣ гуна «чилланок» будани занашро пурсида натавонист ва ба ҳазор кўчаи хаёл рафт.
«Чӣ гуна чилланок, хоҳар?» гўё ў неву каси дигар пурсид аз зан.
— Нағз ҳастед додарам? – пеш омад зан. – Хуш омадед. Ҷотон аз ҳад ҷойи бекора-дия. Моҳбибӣ як шаб берун мебароянд. Аз ҳамон ғори болои хонаатон одам аст, ҷин аст баромада ба адир рост мешавад. Дили Моҳбибӣ ҷиғ гуфта, бистарӣ мегардад. Ҳамин рўз «чилёсин» хонда, парҳез карданд...
Ҳама ташвишу ранҷу азоби дар зиндагӣ кашидаи Нур пеши ин лаҳзаи дилзанӣ ва дарди сар як пул буд. Ў гумон дошт ё дилаш мекафад ё сараш. Баробари «чилёсин»-ро ном гирифтани занак сари по нишаст ва сарашро дошта андаке дам ба дарун гирифт, то ором гардад... Аммо якпаҳлў афтид... Гўйӣ хобаш бурд. Дами садсола мебаровард...
Ин замон хуршед ҳам сар кашидан дошт, ки аз паси кўҳҳои Машриқ нури умед медамид.

8.09.07.

пешина
аз 393
навбатӣ