Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Наход ин овози Кабуд бошад?» – дигар садо накард Нур ва худро дуздона буни ҷарӣ кашида пинҳон медошт, ки Кабуд бошад, набинадаш. «Дар қудратат ҷонам, Худованд. Бурдиву овардӣ. Боз бо Кабуд рў ба рў мегардонӣ... Охир... охир... Гуфта наметавонам, Худоҷон! Ҳамаашро медонӣ...»
«Бисмиллоҳи раҳмони раҳим! Инсӣ, ҷинсӣ?»
«Ман!» – ин посухи Нур беихтиёр буд. Зеро боғбон, ширмоҳтоб бошад ҳам, чароғи мил-милак дар даст ҷониби садо меомад, ки зери партави чароғ соҳиби садоро бинаду шиносад. Лек чароғ рўйи худи ўро равшан мекард. Аз он ки забонаи чароғро бод накушад, даст аз пеши нур девора медошт ва ҳама рўшанӣ ба рўйи ў мезад. Ў бозистод. Чунки дигар аз ҷониби пурсанда садое нашуд ва боғбон хавф кашид, ки кадом мурда зинда гашта аз гўристон садо мекунад.
«Ту кӣ, охир?!»
«Нур! Нури Чўпон!»
«О балота гирам, омадӣ?!»
Нур боз садо накард. Зеро шинохт ўро. Риши ғуллии малла рўяшро гирифта бошад ҳам, шинохташ. Овозаҳо дигару пешвози Кабуд дигар. Гўё сабабгори ба чунин бало печидани Нур ҳамин Кабуд, ки талабгори Моҳбибӣ буд. Чунин андешаву муҳокимаҳо доранд мардуми сода. Зеро сиёсат, зиндагӣ ва ҳастиву нестиашон ба гумон вобаста бувад. Нимкосаи зери косаро, ки намедонанд, косаро шикастан мехоҳанд.
«О балота гирам, Худои бурда овард?»
«Шумо нағз ҳастед?» – ба оғўш кушодани Кабуд низ оғўш кушода пурсид Нур.
«Мо нағз... Фақат эшон-боборо аз даст додем...»
Нур як ларзид ва аз бағалкаши ў ҷудо шуда, бемадор сари по нишаст. Ва андешид. Намедонист, ки чаро гиря надорад. Ё дар маҳбасу ғарибиҳо нинакаш сахт шудааст ва ё аз ҷинси кас дилмонда. Амондарагиҳоро ношукрӣ карданаш ва гиламанд буданаш аз ин рў.
«Хезед, Нурмуҳаммад...»
Давоми сухани Кабудро нашунид ў. Зеро ўро падару модараш ё каси дигар чунин ном нагирифтааст. Нур ё Нури Чўпон буд. Чаро Кабуд чунин ном гирифт, намедонад. «Албатта гумон дорад, ки ман чизе намедонам...» Хаёлаш поён наёфта Кабуд фармуд.
— Яқин пиёда омадед, Нурмуҳаммад. Хаста шудед. Хезед, ба коза меравем. Нафасатонро рост бикунед, сонӣ ман шуморо то хонаатон гусел мекунам.
— Шумо овора нашавед, Роҳро медонам. Дар ин ғояти шаб шуморо ташвиш доданӣ набудам. Ман намедонистам, ки шумо боғбон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор