Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

боз идома дод рақсу бозиро. Гўйӣ парвоз мекард; як нерўи номуайяни васвосӣ бардораш медод; андар фазои толор хешро дар парвоз медид чун дар афсонаҳо; сипас аз фазои гирифта ба фазои кушоди олам мебаромад ва ба як мурғи сапеди дар гарданаш тавқи сиёҳ ва нўлаш сурх, пойҳояш кашол, ки мабодо наафтад, давр мегашт тори зиндагонии нобасомони ҳамзамононаш...
Вале якбора аз осмон афтид: чашмаш сўйи Алӣ, ки зиёдтар аз Лайливу Маҷнун буданд, як дилфигору дунёбезор сар ба сутун гузошта ҳаваси ба чунин базму сур нигаристан надорад. Чӣ хаёлҳое дар сараш, ки паррандаи аз сайёд рамидаро монад. «Наход Хумори шўдида, ки муҷарради аз худаш хурдро фирефта гирифт, инак аламаш карда бошад?» Абрў мепарронад сўйи Алӣ; даст меафшонад, ки ба рақс ояд, ў намебинад. Сўйи зан намегардад рўяш.
Шояд қиёми ҳуснаш буд? На, қиёми ҳусн инак расида. Он вақт дар дармонгоҳи Анвар ба кор буд. Фол медиду бо барқи вуҷудаш дардмандонро дармон мебахшид. Пўшокаш миёни шаҳриву рустоӣ буд ва мўяш тори сар дар миён банка дошт. Алӣ, ки рафиқи Анвари соҳир буд, гоҳ-гоҳ наздаш мерафт. Хумор дидаш; ба сад дил шайдо гашт ва ҳама ҳунар ва сеҳру ҷоду ба кор бурд, то Алӣ ҷуфти ў бошад. Алӣ гирифтор шуд ва ба ҳазор монеъ гаштану неву нестон кардани модари мардмизоҷаш пеши роҳи ин корро гирифта натавонист...
Ҳолиё Хумор нигарист ба ҳоли пушаймонии Алӣ, ки яқин аз рафтору кирдори ў андеша дорад ва чӣ фикрҳое ба сараш зада.
«Шояд роҳи раҳоӣ ҷўяд?» Зеро он шавқу ҳавасе, ки нахуст дошт, заррае намонда. Чӣ андешаҳое дорад, ки намегўяд. Лек сустии меҳру муҳаббаташ рў мезанад. Ҳавсалааш пир шудааст. Хумор қиём дорад чун зан ва ялону баҳодуронро мехоҳад. Миш-мише ҳам ҳаст, ки Хумор дили варзишгареро рабуда ва бо ҳамин сару либос дар сабукрави тоётаи сурх менишинад ва ду мошини дигар ҷилавкашанд, ки якеи сари фармон буда варзишгар аст. Мошини ўро ҳама нозирони роҳ мешиносанд ва даст ба чакка, рухсати рафт медиҳанд.
Вале Хумор дар ҷўши рақси замонавӣ дасту думба ҷунбонда ба хаёл меравад, ки он замон на музофотӣ буданаш маълум буду на шаҳрӣ шуморида мешуд. Зеро зулфонашро чун духтарони кўҳистонӣ чилкокул мебофтанд; дар пой гоҳ масҳӣ мекашиду гоҳ кафш ва гоҳ пошнабаланди мўд; гоҳ рўймолбасар мегашту гоҳ сарлуч; гоҳ мактаб мерафту гоҳ на. Ва касе намефаҳмид, ки чӣ духтарест.
Баъд ба омўзишгоҳи тиббӣ дохил шуда хонду нахонд; шў доданд, зуд ҷудо шуд ва назди табиби рўҳсоз Анвар шогирд истод. Устод пай бурд, ки дастонаш барқ дорад, барояш ҳуҷрае ҷудо кард, то беморони ҷоҳатмандро табобат кунад. Дере нагузашта гашти Хумор дигар шуд; попартойиаш низ. Худро гўё мешинохтагӣ шуд ва ба қадри хеш мерасидагӣ.

пешина
аз 393
навбатӣ