Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Аммо мўйи то миёнашро майдабофӣ мекард ва мўд пўшида мардони дар дармонгоҳ буда ва мизоҷонро мафтун мегардонд. Вале касе писандаш намеомад. Хуморӣ гашта буданд чашмонаш ва чашми дилаш. Касеро меҷуст, аммо пайдо намекард. «Ҳаст; дар куҷое ҳаст. Дар куҷое дидаам. Ҳоло дар хотир надорам...» Ин Алӣ буд, ки назди Анвар омаду дар танаи анкабуд дар монд. «Падарашро намедонам. Лекин модараш ҳамон занаки мардмиҷоз – маъшуқаи вазир. Писар ҳам бояд аз ҳамон мард бошад. Вагарна зан бе мададу дастгирии касе наметавонад соҳиби «Маркази савдо» бошад».
Хумор розӣ аз Худову аз рўзгор пулҳоро пушти сар меандозад, ки дугонаҳояш сар андохта ё саҷда бурда он коғазҳои одамфиребро аз зери по бардоранд ва сўйи ў таъзиму тавозўъ кунанд. «Аз марҳамати шумо, хонум». Зеро Худованд дар ҳар аср як бону меофарад аз замони Зулайхову Салмо то аҳди Хумор ва пасовандон ба васфи эшон мепардозанд дониставу надониста ва дидаву надида. Валек дар бораи Хумор васфномаҳо нест, номаҳои ошиқонаи ҷавонон зиёд; аксҳои ҳазоррангро албому ҷевон намебарад. Ҳар акси ў чунон розҳо гўянд, ки ҷуз худаш касе нафаҳмад. Баъзан Алӣ онҳоро чаппа гардонад аз рашк. Лек ифшо накунад. Хумор чу паррандаи зебо минқораш нимвоз, дандони пеш аз шуои қандилҳо медурахшанд. Аз куҷое акси нур мерасад ба рўяш чу баргакҳои ранга, дар сақфи синаи бараҳнаву китфони ширгунаш. Алӣ пиндорад, ки ўро фаромўш кард. Лек гоҳе, ки Хумор давр гашта гўшаи чашм меандозад, мебинад, ки шў чун сангпушти тарсу озурда аз чизе гардан миёни шонаҳо мекашад.
Вақтҳои модараш норозӣ аз рафтори писар - олами рўшанро падруд гуфтанаш низ чунин ҳолат дошт; гирифтори андешаҳои хеш мисоли паррандаи сармозада хештанро ғунчаву танг мекард, то гарм шавад. Вале чизе намегўяд. Дилмонда буданаш низ ҳувайдо намегардад. Хоҳаронаш Лутфу Санҷид баъзе норозигиҳо кунанд ҳам, парвое надорад; посух намедиҳад. Дар таги дилаш чӣ ҳаст?
Аён нест. Хоҳарон ба ҷойи модар ин яккаписарро дўст доранду навозиш кунанд, лек арўсро хуш надоранд.
Соҷида пуррапайкари сапедчеҳра ва мўву абрў сиёҳ, чашму мижгонаш низ, ки бар андому ҳусну зебаш ҷанг мекарданд, дар авҷи бозии Хумор омад чун ҳамкори Шараф ва раги пояш кашид, ки пеш равад. Ба баҳонаи толорро аз назар гузаронидан андаке қарор истод ва ҳамаро зеҳннишин кард. Соҳиббазм ҳамроҳи зани зебояш Гул ба бародараш Алӣ чашм дўхтани ўро дида, аз ду ҷонибаш пайдо шуданд, якрост назди Алӣ бурданд. Санҷид «Алиҷон, нағзӣ?» гуфту дамаш дарун зад; гулўяшро чизе гирифт ва базми шодиву сурур дар дилаш ғам бор кард. То Хумор наояд, ба дигар гўша нишастанӣ рафт. «Назди ту мешинам, Гул...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор