Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд барои худнамоӣ низ бошад, то бинад дўсту душман, ки чӣ қадр барои Алӣ месўзад. Қоматашро рост кард. Аммо ба касе ё сўе нанигарист. Сар андохта буд ва то ҳадде рўймоли сиёҳаш рўйи сафедро мепўшонд. Шикамаш дамидатар гашта буд. Онро ба камару кавора кашидану пинҳон кардан ҳоҷате надошт. Ҷунбид шикамаш. Дилаш гум зада, вуҷудаш ларзид. Танҳо ў медонист, ки хуни кист дар андарунаш. Онтарафтар варзишгари барзангӣ рафторҳои ўро мушоҳида мекард ва ғашаш меомад, ки Хумор ба ў дигар чиз мегуфт: нафрат дошт ва наҳ мезад Алиро, ҳафт пушташро...
Садои ояхонии касе аз пушти панҷара омад ва Хумор чашм сўйи овоз дўхта як ҷўгии сиёҳро дид, ки тасбеҳ дар дасти чап ҳамойил каф ба дуо кушода паҳн-паҳн гўйиш дорад...
Хумор аз чоки гиребон пул бароварда ба ҷўгӣ дароз кард ва пул ба дасти ў нарасида садои дақиқи тири дургир (снайпер) баромад. Пул аз дасташ раҳо гашта чу хазон лаппида рўйи хок фитод чунон ки шаби базм ва Хумор калавида, даст бар шикам рўйи хоки ҳанўз сабза надамида афтид. Пасрў афтид чунон ки хок бар оғўш кашида абадӣ хуспад... Танаш гарм, вале ноҷунбон буд. Гўшти дар андарунаш шаклгирифта ҷунбид. Ў пай набурд.
Хоҳарони Алӣ пайдо гаштанд ба зиёрат...

26.10.07.

пешина
аз 393
навбатӣ